Ваъдаи интихоботии Эмомалӣ Раҳмон
Раиси Ҷумҳурии феълӣ ва номзади Ҳизби Халқӣ-Демократии Тоҷикистон дар интихоботи раёсати Ҷумҳурии рӯзи 11 октябр, афзоиши ду баробар тавлиди нохолиси миллиро ваъда додааст.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садоии Хуросон ба нақл аз сомонаи Тоҷ.Вик , Эмомалии Раҳмон дар барномаи интихоботии хеш, ки дар ҷузвае мунташир шудааст ваъда дода, ки дар охири давраи ҳафтсолаи баъдии раёсати ҷумҳурии хеш дар соли 2027 мизони тавлиди нохолиси миллии Тоҷикистон ду баробар афзоиш хоҳад ёфт .
Тавлиди нохолиси миллии Тоҷикистон дар соли 2020 ба мизони 26 миллиард сомонӣ пешбинӣ шуда, ки бино бар ваъдаи Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2027 бояд ба 52 миллиард сомонӣ бирасад .
Раҳмон таъкид кардааст, ки барномаи тақвияти худкафоии кишвар дар заминаи энержӣ , рушди бахши саноату таъмини амнияти ғизоии мардумро ба таври ҷиддӣ пайгӣрӣ хоҳад кард .
Аз дидгоҳи Раҳмон дар соли 2027 мизони ақшори ҷомеъа бо даромади молии мутавассит ба 45 дар сад ва фақр ба 18 дар сад хоҳад расид .
Бар асоси ваъдаҳои интихоботии Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳафти соли оянда барои бахшҳои омӯзишу парвариш , беҳдошт, дармон, ҳуқуқу дастмуздҳо дар ин кишвар 120 миллиард сомонӣ ҳазина хоҳад шуд .