Сентябр 17, 2020 10:27 Asia/Dushanbe
  • Қарзи барқи минтақаи Кулоб ба 132 миллион сомонӣ расид

Муовини мудири шабакаи барқи минтақаи Кулоби вилояти Хатлон эълом кард:Қарзи муштаракони бахши хонагӣ, корхона ва идораҳо бобати истифодаи барқ ба 132 миллион сомонӣ расидааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба нақл аз сомонаи Спутник, Абдуллоҳ Муҳаммадсамеъов гуфтааст, ки дар ҳашт моҳи имсол қарзи барқи ин минтақа ба 132 миллион сомонӣ расид, ки 80 миллион сомонии он,  аз они  муштаракони хонагӣ мебошад.

 43 миллион сомонии боқимонда низ қарзи идораҳои давлатӣ, марказҳои тавлидӣ ва тиҷорӣ ва бахши хусусӣ аст.

 Ҳамчунин тайи ҳашт моҳи имсол дар минтақаи Кулоб 1026 маврид истифодаи ғайриқонунии барқ ба маблағи 1252 000 сомонӣ сабт шуд, ки бо ҳукми додгоҳ 732 000 сомонӣ ба буҷаи шаҳрдории Кулоб бозпардохт шудааст.

 Ба гуфтаи муовини мудири шабакаи барқи минтақаи Кулоб дар ин муддат мизони истифодаи ғайриқонунии барқ дар Кӯлоб беш аз 1 458 000 киловатт-соат будааст.