Сентябр 17, 2020 12:55 Asia/Dushanbe
  • Cарпарасти вазорати хориҷаи Афғонистон вориди Душанбе шуд

Cарпарасти вазорати хориҷаи Афғонистон нахустин бор дар ин мақом ба манзури дидору гуфтугӯ бо мақомоти Тоҷикистон субҳи имрӯз 17 сентябр вориди Душанбе шуд.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Cадои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, манобеъи сафорати Афғонистон дар Душанбе гуфтаанд, ки сафари Ҳаниф Атмар ва ҳайати ҳамроҳи вай ба Тоҷикистон дурӯза хоҳад буд ва ба даъвати расмии тарафи Тоҷикистон анҷом мешавад.

Қарор аст Ҳаниф Атмар-сарпарасти вазорати умури хориҷаи Афғонистон дар ин сафар бо Эмомалӣ Раҳмон-раисҷумҳур, Қоҳир Расулзода- нахуствазир, Сироҷуддини Меҳруддин-вазири умури хориҷа ва Саидмуъмин Ятимов-раиси кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дидору гуфтугӯ кунад.

 Дар ин дидорҳо дар бораи густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои иқтисодӣ ва тиҷорӣ, об ва энержӣ, нақлиёту боркашонӣ ва транзит, амният дар марзҳои муштарак, муқобила бо таҳаррукоти гурӯҳҳои террористӣ ва қочоқчиёни маводи мухаддир баҳсу табодули назар шавад.

 

Барчасп