Сентябр 19, 2020 18:33 Asia/Dushanbe
  • Таҷлили Эмомалӣ Раҳмон аз нақши шаҳид Раббонӣ дар сулҳи тоҷикон

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши шаҳид Бурҳониддин Раббониро дар барқарории сулҳ дар Тоҷикистон сутуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садоии Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник , Эмомалии Раҳмон дар барномаи ёдбуди нуҳумин солрӯзи шаҳодати Бурҳониддин  Раббонӣ Раиси Ҷумҳурии фақиди Афғонистон дар бораи саҳми арзишманди устод  Раббонӣ дар поён додан ба ҷанги дохилии Тоҷикистон ва барқарории сулҳу амният дар ин кишвар ба сурати онлайн суханронӣ кард .
Вай ба унвони Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси анҷумани порсии забонони ҷаҳон ба номи " Пайванд", дар ин барнома  нақши Бурҳониддин  Раббониро дар раванди пушти мизи музокира нишондани тарафҳои даргир  дар ҷанги дохилии Тоҷикистон  муҳим арзёбӣ кард .
Ба гуфтаи Раҳмон  раҳбарони вақти Афғонистон  шаҳид  Аҳмадшоҳи Масъӯд ва шаҳид  Бурҳониддин  Раббонӣ аз ҷумлаи нахустин афроде буданд, ки давлат ва мухолифони Тоҷикистонро ба гуфтугӯ барои поён додан ба ҷанги дохилӣ дар кишвар фарохонданд .
Дар ин барнома  Раиси Ҷумҳурии собиқи Афғонистон Ҳомид  Карзай , Раиси шӯрои  мусолиҳаи миллӣ Абдулло  Абдуллоҳ , Масъуди Халилӣ сафири вақти Афғонистон дар Ҳинд ва Испания , Салоҳиддин Раббонӣ Раиси ҷамъияти исломӣ ва теъдоде аз таҳлилгарону донишмандони Эрон ва Афғонистон низ дар бораи зиндагӣ ва хадамоти устод  Раббонӣ суханронӣ карданд .
Раиси Ҷумҳурии фақиди  Афғонистон Бурҳониддин  Раббонӣ ва раиси шӯрои  сулҳи ин кишвар дар ҳамлаи террористӣ ба хонааш дар Кобул дар рӯзи 19 сентябри соли 2011 ба шаҳодат  расид .

Барчасп