Кӯмаки 10 ҳазор довталаб барои баргузории интихоботи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Кумитаи давлатии ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон эълом кард барои баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурии 11 октябр 10 ҳазор ҷавони довталаб ба кӯмаки комиссияи марказии интихобот хоҳанд омад.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Азия плюс , Дилноза Аҳмадзода муовини раиси кумитаи давлатии ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон бо эъломи ин хабар дар нишасти комиссияи марказии интихоботи ин кишвар афзуд : ин 10 ҳазор нафар дар ҳама қитъаҳои интихоботӣ ҳузур хоҳанд дошт, то ба маъмурони интихоботӣ кӯмак кунанд.
Вай гуфт 250 нафар аз ин довталабон ба забонҳои руси ва англисӣ мусаллат ҳастанд ва ба нозирони байналмилалии интихоботи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯмак хоҳанд кард .
Ин довталабон акнун машғули таҳияи феҳристи райдиҳандагон , сабти номи онон ва омодасозии маконҳо барои дидорҳои интихоботӣ бо риояти муқаррароти беҳдоштӣ мебошанд .
Бар асоси тасмими комиссияи марказии интихоботии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон номзади Ҳизби Халқӣ- Демократӣ , Рустам Латифзода номзади Ҳизби Кишоварзӣ , Абдуҳалим Ғаффоров номзади ҳизби сотсиалист , Рустами Раҳматзода номзади Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ ва Меъроҷ Абдуллоев номзади Ҳизби коммунистии Тоҷикистон дар интихоботи раёсати ҷумҳурии рӯзи 11 октябр рақобат хоҳанд кард .