Баррасии дурнамои ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистону Узбакистон
Дурнамои рушди равобити иқтисодӣ ва тиҷории Душанбе ва Тошканд дар дидори мақомҳои баландпояи иқтисодии Тоҷикистон ва Узбакистон дар Душанбе мавриди баррасӣ қарор гирифт .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба нақл аз сомонаи Авесто , дар дидори Завқӣ Завқизода-вазири рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон ва Лазиз Қудратов-муовини вазири сармоягузорӣ ва тиҷорати хориҷии Узбакистон дар бораи омодагӣ ба баргузории нишасти Коммисиюни муштараки ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷории ду кишвар дар шаҳри Душанбе ва роҳҳои густариши ҳамкориҳои дуҷониба баҳсу табодул назар шуд .
Дар ин дидор имкони мушорикати бахши хусусии Узбакистон дар сохти корхонаҳои муштарак дар манотиқи озоди иқтисодии Тоҷикистон низ мавриди баррасӣ қарор гирифт .
Ҳамчунин мавзӯъоти иваз кардани барқи Тоҷикистон бо гази Узбакистон , афзоиши интиқоли коло ва маҳсулоти содиротии Тоҷикистон пас аз бозгушоии марзҳои заминии Узбакистон ва азсаргирии парвози ҳавопаймоҳо миёни ду кишвар дар ин дидор баррасӣ шуд .
Нишасти Коммисиюни муштараки ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷории Тоҷикистону Узбакистон охири моҳи сентябр ба раёсати нахуствазирони ду кишвар дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад .