Сентябр 22, 2020 11:26 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон ба системаи воҳиди дифои ҳавоӣ бо Русия мепайвандад

Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаи пайвастани кишвараш ба системаи ягона(воҳид)и дифои ҳавоӣ бо Русияро имзо кард .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба нақл аз сомонаи Азия-Плюс ,Эмомалӣ Раҳмон бо имзои ин созишнома ба вазорати дифои кишвараш дастур дода аст, ки заминаи пайвастани Тоҷикистон ба системаи воҳиди дифои ҳавоӣ бо Рӯсияро, ки бахше аз барномаи дифои ҳавоии минтақаи Осиёи марказӣ ва кишварҳои узви Ҷомеъаи ҳамсуд аст , фароҳам созад.

 Ҳадаф аз ин иқдом беҳбуди муқобила бо ҳар навъ таҳаррукоти душмани фарзӣ барои вуруд ба ҳарими ҳавоии Тоҷикистон унвон шуда аст.

 Ба далели фосилаи зиёди миёни Тоҷикистону Русия тасмим гирифта шуда аст, ки системаи дифои ҳавоии муштараки миёни Душанбе ва Маскав ба унвони бахше аз барномаи дифои ҳавоии минтақаи Осиёи марказӣ ва кишварҳои узви Ҷомеъаи ҳамсуд фаъол шавад .

 Ҳамоҳангии миёни системаи нав бо генерал Сергей Суровикин-фармондеҳи нерӯи ҳавоӣ- фазоии Русия хоҳад буд . Муддати эътибори ин созшнома 5 сол аст ва тарафҳо дар поёни ин муддат дар бораи тамдиди он тасмим хоҳанд гирифт .

 Ин дар ҳоле аст, ки дар Тоҷикистон пойгоҳи низомии 201-и артиши Русия ба унвони бузургтарин маркази нерӯии заминии ин кишвар дар хориҷ мустақар аст, ки эътибори ҳузури он то соли 2042 тамдид шуда аст .

 

Барчасп