Баҳрабардорӣ аз турбинаҳои бозсозишудаи нерӯгоҳи Сарбанд бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i57723-Баҳрабардорӣ_аз_турбинаҳои_бозсозишудаи_нерӯгоҳи_Сарбанд_бо_ҳузури_Эмомалӣ_Раҳмон
Раиси ҷумҳӯрии Тоҷикистон, ки барои ифтитоҳи чанд тарҳи иқтисодӣ , иҷтимоӣ ва хадамотӣ дар вилояти Хатлон ба сар мебарад, аз ду турбинаи бозсозишудаи нерӯгоҳи обӣ-барқии Сарбанд баҳрабардорӣ кард .
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Сентябр 23, 2020 09:46 Asia/Dushanbe
  • Баҳрабардорӣ аз  турбинаҳои бозсозишудаи нерӯгоҳи Сарбанд бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон

Раиси ҷумҳӯрии Тоҷикистон, ки барои ифтитоҳи чанд тарҳи иқтисодӣ , иҷтимоӣ ва хадамотӣ дар вилояти Хатлон ба сар мебарад, аз ду турбинаи бозсозишудаи нерӯгоҳи обӣ-барқии Сарбанд баҳрабардорӣ кард .

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Азия Плюс , Эмомалӣ Раҳмон дар ин маросим таъкид карда аст, ки пас аз бозсозии куллии шаш турбинаи ин нерӯгоҳ , тавони тавлиди барқи он ба 270 мегаватт хоҳад расид; дар ҳоле ки зарфияти қаблии ин нерӯгоҳ 236 мегаватт аст .

 Нерӯгоҳи обӣ-барқии Сарбанд, ки 54 сол қабл рӯйи рӯдхонаи Вахш сохта шуда аст, акнун ниёз ба бозсозии таҷҳизотӣ дорад .

 Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафар ба вилояти Хатлон бинои омӯзишгоҳи нави пизишкиро дар шаҳри Бохтар-маркази ин минтақа ифтитоҳ кард ва дар ноҳияҳои Шаҳритус, Вахш ва Леваканд низ аз чанд тарҳи иҷтимоӣ бо ҳузури ӯ баҳрабардорӣ шуд, ки шомили боғҳои нав, варзишгоҳҳо, рамзи давлатӣ , парчами миллӣ ва биноҳои идории Ҳизби халқӣ-демократӣ мешавад .