Сентябр 25, 2020 18:00 Asia/Dushanbe
  • Таъкид бар густариши равобити порлумонии Эрон ва Тоҷикистон

Сафири Эрон дар Душанбе ва раиси Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон бар аҳаммияти равобити байнипорлумонӣ дар густариши муносиботи ду кишвар таъкид карданд.

Ба гузориши ИРНА, Муҳаммадтақии Собирӣ, сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Душанбе дар дидор бо Муҳаммадтоир Зокирзода, раиси Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон бо ишора ба аҳаммият ва ҷойгоҳи маҷолиси ду кишвар ва нақши онҳо дар иртиқои сатҳи муносиботи дуҷониба, омодагии Эронро барои ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар ҳамаи заминаҳо эълом кард.

Собирӣ зарфиятҳои ҳамкорӣ дар ҳавзаҳои мухталиф бавижа ҳавзаи иқтисодӣ байни Эрон ва Тоҷикистонро болотар аз сатҳ кунӯнӣ донист ва афзуд, ҳамкории музоаф барои ҷуброни осебҳои иқтисодӣ дар даврони пасокуруна зарурӣ аст.

Муҳаммадтоир Зокирзода низ дар ин дидор бо ишора ба иштирокоти ду кишвар ва собиқаи равобити дӯстонаи Эрон ва Тоҷикистон, изҳор кард, Эрон аз нахустин кишварҳое буд, ки истиқлоли Тоҷикистонро ба расмияти шинохт ва сафорати худро  дар Душанбе ифтитоҳ кард.

Зокирзода бо таъкид бар аҳаммияти нақши равобити байнипорлумонӣ дар густариши муносибот миёни давлатҳо ва миллатҳо, таъсиси гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории байни Маҷлиси Шӯроии Исломии Эрон ва Маҷлиси Тоҷикистонро гоми муҳим дар масири тақвияти ин ҳамкориҳо донист.

 

Барчасп