Сентябр 28, 2020 16:02 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши захираҳои арзии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаш моҳи нахусти имсол

Бонки миллии Тоҷикистон аз афзоиши 271 миллион долларии захираҳои арзии ин ниҳод дар шаш моҳи нахусти имсол хабар дод .

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Азия Плюс , маҷмӯи захоири арзии Бонки миллии Тоҷикистон дар оғози шаш моҳи дувуми имсол ба 1 миллиарду 575 миллион доллар расида аст .

 Ҳамчунин дар шаш моҳи нахусти имсол барои таъмини муомилоти байнибонкӣ маблағи 104 миллиону 300 ҳазор доллар аз ҳисоби захираҳои арзии ин ниҳод сарф шуда аст .

 Гуфта мешавад ки захираҳои арзии Бонки миллии Тоҷикистон дар бонкҳои Олмону Шветсария нигаҳдорӣ мешавад .

 Аз сӯи дигар вазорати саноъат ва фанновариҳои навини Тоҷикистон эълом кард ,ки дар як соли ахир дар кишвар ҳашт тон тилло тавлид шуда, ки Бонки миллӣ ва вазорати молия харидорӣ кардаанд, аммо дар бораи захоири арзии вазорати молияи Тоҷикистон ба далели махфӣ будани ин мавзӯъ итилоъе мунташир намешавад .

 Ҳамчунин миқдори каме аз тиллои тавлидшуда дар Тоҷикистонро коргоҳҳои кучаки сохти ҷавоҳирот харидорӣ мекунанд .

Ҳамчунин бар асоси гузориши Ожонси омори Тоҷикистон, дар ҳашт моҳи нахусти имсол сангҳои қиматӣ ва нимақиматӣ ва фулузоти гаронбаҳо ба арзиши молии 595 миллион доллар содир шуда, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли пеш афзоиши 470 миллион доллариро нишон медиҳад .

 

Барчасп