Сентябр 28, 2020 21:19 Asia/Dushanbe
  • Эъломи феҳристи харидорони ваксинаи русии корона; номи Тоҷикистон нест

Сандуқи сармоягузории мустақими Русия аз тавофуқ бо 17 кишвар барои ирсоли ваксинаи Ковид-19 хабар дод, ки номи Тоҷикистон дар феҳристи ин кишварҳо мушоҳада намешавад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи хабаргузори русии ТАСС, гуфта мешавад, ки ин ваксина ба кишварҳои Ӯзбекистон, Туркманистон, Қазоқистон ва Қирғизистон дар Осиёи Марказӣ ирсол шудааст ва дар бораи хариди он аз сӯи Тоҷикистон хабаре дар даст нест.

Ин дар ҳолест, ки қаблан мақомоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимои аҳолии Тоҷикистон аз оғози музокара бо Русия барои ворид кардани ин ваксина хабар дода буданд. 

Хабаргузории русии ТАСС эълом кардааст, ки то замони интишори ин хабар муваффақ ба барқарории тамос бо мақомоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ва донистани мавзеи онон дар бораи ин мавзӯ нашудааст. 

Албатта қаблан манобеи ин Вазорат гуфта буданд, ки танҳо пас аз касби итминон аз муассир будани ваксинаи русии корона дар бораи воридоти он тасмим хаҳанд гирифт.

Имомали Раҳмон раиси ҷусҳурии Тоҷикистон дар суханронии видео-конфренсияи худ дар Маҷмаи умумии Сазмони Милали Муттаҳид ибрози умидворӣ карда буд, ки ваксинаи Ковид-19 дар дастраси ҳамагон қарор гирад. 

 

Барчасп