Сентябр 29, 2020 11:08 Asia/Dushanbe
  • Фармони Эмомалӣ Раҳмон барои таъини сафирони нави Тоҷикистон дар се кишвар

Раиси ҷумҳӯрии Тоҷикистон сафирони нави ин кишвар дар Афғонистон , Украина ва Ҳиндустонро таъин кард .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба нақл аз сомонаи Спутник, бар асоси фармонҳои Эмомалӣ Раҳмон , Шарофиддини Эмом, ки сафири Тоҷикистон дар Афғонистон буд , ба далели бознишастагӣ(нафақа) барканор ва Саъдӣ Шарифӣ ҷойгузини вай шуда аст .

 Ҳамчунин Файзуллоҳ Холбобоев аз мақоми сафири ин кишвар дар Украина барканор ва Давлаталӣ Назризода, ки сарконсули Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия буд, ҷойгузини вай дар ин мақом шуд.

 Бар асоси фармони раиси ҷумҳӯрии Тоҷикистон ҳамчунин Султон Раҳимзода аз мақоми сафири Тоҷикистон дар Ҳиндустон барканор ва Луқмон Бобокалонзода ба ҷои вай мансуб шуд.

 Султон Раҳимзода аз ин пас дар масъулияти  раиси иҷроии Бунёди байналмиллалии наҷоти  Арал фаъолият хоҳад кард.

 Эмомалӣ Раҳмон дар ҳукми дигаре сарҳанг Ҳасан Мирзоевро ба мақоми раиси идораи истихборот(разведка)и горди миллии Тоҷикистон мансуб карда аст.

 

Барчасп