Тасмими Тоҷикистон барои хариди ваксинаи русии корона мушаххас нест
Муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи аҳолии Тоҷикистон эълом кард ки ин кишвар ҳануз дар бораи хариди ваксина(эм)и русии корона тасмим нагирифта аст .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба нақл аз сомонаи Топтҷ , Самариддин Ализода дар нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе гуфта аст, ки тасмим дар бораи хариди ваксинаи русии корона танҳо пас аз поёни озмоишҳои болинии ин ваксина гирифта мешавад.
Аммо як мақоми дигари ин вазоратхона бидуни ифшои номи хеш гуфта аст, ки дар бораи миқдори ваксинаи воридотӣ аз Русия , эҳтимоли ройгон будан ё қимати хариди он ҳануз чизе мушаххас нест .
Ин дар ҳоле аст ки Бунёди сармоягузории мустақими Русия аз тавофуқ бо 17 кишвар барои ирсоли ваксинаи КОВИД 19 хабар дода аст, ки номи Тоҷикистон дар феҳристи ин кишварҳо мушоҳида намешавад .
Тибқи ин гузориш ваксинаи русии корона ба кишварҳои Узбакистон, Туркманистон, Қазоқистон ва Қирғизистони дар Осиёи Марказӣ ирсол шуда аст .