Октябр 05, 2020 16:20 Asia/Dushanbe
  • Оё забон рукни истиқлол аст? Ва оё забони тоҷикон забони Фирдавсӣ нест?

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон фарорасии панҷуми октябр, рӯзи расмӣ шудани забони "тоҷикӣ" дар ин кишварро шодбош гуфту таъкид кард, ки “забони тоҷикӣ" рукни муҳими давлатдории миллӣ ва истиқлоли Тоҷикистон мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон пештар низ дар мавқеиятҳои мухталиф бар “тоҷикӣ” ва на “форсӣ” будани забони мардуми кишвараш таъкид карда буд. Ба таври мисол, ӯ соли 2018 дар дидор бо равшанфикрон гуфта буд: “Мо бояд кӯшиш кунем, ки дар замони ҷаҳонишавӣ, истиқлоли фарҳангиву забонии худро ҳифз кунем ва рукнҳои пойдории миллату кишварро тавассути забон таҳким бахшида, онҳоро ҳар чӣ бештар устувор гардонем”.

Эмомалӣ Раҳмон дар ин дидор аз равшанфикрон даъват карда буд, ки дар бобати дурустии истифода бурдани номи "забони тоҷикӣ" бетараф набошанду назару мавқеи худро “равшану боҷуръат” баён кунанд. Вай ҳамчунин аз равшанфикрони тоҷик хоста буд, андешаву назари касонеро, ки “дину мазҳабу имону миллати худро ба бегонагон фурӯхтаанд ва ҳаққи маънавии тоҷик буданро надоранд”, қотеона маҳкум кунанд. Зоҳиран аз назари раисҷумҳур забони форсӣ, забони дину мазҳабу имони дигаре аст, ки рабте ба мардуми Тоҷикистон надорад ва зарурати истиқлол ва давлатдорӣ, доштани забони мустақилу мунҳасир ба фард аст.

Ин дар ҳоле аст, ки шавоҳиди торихиву сиёсӣ чизи дигареро собит мекунад. Муҳаммадҳусайн Амир Ардӯш, ройзани собиқи фарҳангии Ҷумҳурии исломии Эрон дар Тоҷикистон дар ёддоште бо унвони “Забону адабиёти форсӣ; Тоҷикистон” ба баррасии сайри дигаргунии торихии забони форсӣ дар ин кишвар пардохтаву нишон додааст, ки тағйири хати тоҷикҳову номи забонашон аз “форсӣ” ба “тоҷикӣ” таҳти чӣ авомиле ва ба чӣ далоиле анҷом шудааст. Амир Ардуш менависад: “Забони муштараки тоҷикону эрониён то таъсиси Тоҷикистони Шуравӣ форсӣ номида мешуд. Лекин дар даврони Иттиҳоди ҷамоҳири Шуравӣ, дар ростои сиёсати ҷудосозии ҳувияти фарҳангии Мовароуннаҳр аз фарҳанги эронӣ ва ҷаҳони форсизабон, ба вижа Эрон, номи ин забонро аз “форсӣ” ба “тоҷикӣ” тағйир доданд. Тамоюли ҳукмронони Русияи подшоҳӣ ва исрори ҳукмронони давлати шӯроҳо, ки гароишҳои пантуркизм низ аз он ҷонибдорӣ мекард, ҳамвора бар ҷудосозии миёни ин ду пораи Эрони фарҳангӣ ва ҷаъли ҳувияти ҷадиду тиҳӣ аз мазоҳири Эрони фарҳангӣ барои Варорӯд ва ба хусус сарзамин‌‌‌‌‌ҳои тоҷикнишин буд. Лекин ин сиёсати фарҳангӣ мавриди таъйиди аҳли донишу адаб набуд. Бартолд, донишманди машҳури рус дар оғози қарни гузашта таъкид дошт, ки “тоҷикон намояндагони тиҷорат, ҳунар ва дар маҷмуъ фарҳанги эрониён ҳастанд”.

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳоле доштани забонро шарти истиқлолу давлатдорӣ медонад, ки дар бисёре аз давлатҳои қудратманду мустақил, робитаи мустақиме миёни забону миллият вуҷуд надорад ва забон бахше аз ҳувияти миллӣ нест. Ба унвони мисол, забони мардуми Белгия фаронсавӣ ва ҳолландӣ, забони мардуми Швейтсария итолиёӣ, фаронсавӣ, румонӣ, олмонӣ ва забони роиҷ дар Австрия олмонӣ аст. Дар Амрико низ чизе ба номи забони амрикоӣ вуҷуд надораду касе гумон намекунад номи забони англисӣ, истиқлоли ин кишварро мавриди тардид қарор медиҳад. 22 кишвари ҷаҳон низ бо ҳувиятҳои сиёсии мустақил, забони арабиро забони расмии худ медонанд, дар ҳоле ки гоҳ ба сабаби тафовути бисёри лаҳҷаву гӯйиш, фаҳми суханони якдигар барояшон имконпазир нест.

Ҳатто дар Эрон низ, ки гӯё талоши бархе маҳофили Тоҷикистон барои тоҷикӣ номидани забони роиҷи мардумашон, дурӣ аз он кишвар аст, забони форсӣ "забони эронӣ" номида намешавад. Дар Афғонистон низ ба тозагӣ бо муқовимату талоши мардуму аҳли фарҳанги ин кишвар, забони форсӣ ба гурӯҳи забонҳои миллӣ афзуда шуд. Дар ин кишвар низ талоши маҳфилҳои мушаххас ҳамвора бар ин буда то бо ҷаъли номи забони дарӣ, онро забоне ҷудо аз форсӣ бидонанд. Ин дар ҳоле аст, ки дар Афғонистон ҳатто хати навишторӣ низ бо забони форсии роиҷ дар Эрон яке аст ва чӣ гуна мешавад як забонро ҷудо аз забони дигар донист? Дар ҳоле ки гӯишварони он ба як дабира менависанду сухани якдигарро ба дурустӣ дарк мекунанд.

Имрӯзҳо кишварҳои туркзабон иттиҳодия ташкил медиҳанду бо вуҷуди он ки суханонашон барои якдигар фаҳмо нест, саъй мекунанд узбакиву туркманиву қирғизиву қазоқӣ ва туркии озариву туркии истанбулиро, ки аз қадим номҳову моҳиятҳои ҷудогонае доштаанд , яке ба ҳисоб оваранд, аммо гурӯҳҳои хосе дар ду кишвари Тоҷикистону Афғонистон мекӯшанд дар ҷиҳати манофеи сиёсӣ, забони ягонаро пора - пора кунанд.

Аз сӯи дигар, давлати Тоҷикистон дар баргузории гиромидошти шоироне чун Рӯдакии Самарқандӣ ва Фирдавсии Тӯсӣ талош мекунад. Акнун суол ин аст ки оё Фирдавсӣ ба забоне ҷуз форсӣ сурудааст? Оё Фирдавсӣ 30 соли зиндагии худро барои зинда кардани забоне ҷуз “порсӣ” сарф кардааст? Оё метавон иддаои фарзанди Кӯрушу Дориюш будан карду худро дунболарави Фирдавсии Тӯсӣ донист, аммо забони модарии худро чизе ҷуз порсӣ хонд?

Дар ҷаҳони имрӯз, ки ҳама барои қудратмандтар шудан ба дунболи иттиҳодҳо ҳастанд, исрори Тоҷикистон бар “тоҷикӣ” хондани забони мардумонаш ба маънии ҷудо кардани як миллат аз пешинаи бузургу ғании адабиву торихии хеш аст. Имрӯз дар донишномаҳо мардуми Тоҷикистон мардумоне эронинажод ва гӯишвари забони форсӣ бо лаҳҷаи тоҷикӣ номида мешаванд ва бахше аз беш аз 120 миллион гӯишвари ин забон ба ҳисоб меоянд, аммо пофишорӣ бар дигар будани забони мардуми Тоҷикистон, ононро ба гурӯҳе ҳудуди 10 миллион нафарӣ бо забоне маҳаллӣ табдил хоҳад кард ва аз қудрати онҳо мекоҳад.