Рақиби Раҳмон: Тоҷикистон бидуни фанновариҳои нав рушд нахоҳад кард
(last modified Wed, 07 Oct 2020 06:53:37 GMT )
Октябр 07, 2020 11:53 Asia/Dushanbe
  • Рақиби Раҳмон: Тоҷикистон бидуни фанновариҳои нав рушд нахоҳад кард

Раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ ва номзади интихоботи раёсати ҷумҳӯрии 11 октябри Тоҷикистон мегуяд,ки бидуни истифода аз фанновариҳои нав рушд ва пешрафти кишвар ғайримумкин аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба нақл аз сомонаи ТАСС , Рустам Раҳмат‌зода, намояндаи Маҷлиси қонунгузорӣ ва яке аз чаҳор рақиби Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи 11 октябр гуфта аст, ки иқтисоди Тоҷикистон ниёз ба ислоҳоти бунёдин дорад ва бо равишҳои қаблӣ расидан ба рушду пешрафти матлуб имконпазир нест.

 Вай муътақид аст, ки бояд ҳам шеваи мудирияти иқтисод дар Тоҷикистон тағйир кунад ва ҳам барои истифода аз фанновариҳои навин дар тавлиди маҳсулоти қобили арза дар бозорҳои минтақаӣ ва ҷаҳонӣ барномарезӣ шавад, зеро бо корхонаҳои куҳнаи феълӣ ва таҷҳизоти фарсуда наметавон ба рушди тавлиди маҳсулоти саноъатии қобили рақобат дар бозорҳои минтақа умедвор буд.

Рустам Раҳматзода мегуяд, ки барои сарфаҷӯӣ дар вақт дар шароити густариши вируси корона тасмим гирифта шуд, ки ҳамаи номзадҳои интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаҳои муштарак бо овоздиҳандагон дошта бошанд ва замони яксон низ барои муаррифии барномаҳои онон ихтисос ёфта аст .

 Эмомалӣ Раҳмон-номзади Ҳизби халқӣ-демократӣ , Рустам Латифзода-номзади Ҳизби кишоварзӣ , Абдулҳалим Ғаффоров-номзади Ҳизби сотсиалист , Рустам Раҳматзода-номзади Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ ва Меъроҷ Абдуллоев-номзади Ҳизби коммунисти Тоҷикистон дар интихоботи раёсати ҷумҳӯрии рӯзи 11 октябр рақобат хоҳанд кард .