Октябр 11, 2020 15:40 Asia/Dushanbe
  • Оғози раъйгирӣ дар интихоботи раёсатиҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия

Раъй‌гирии интихоботи раёсатиҷумҳурии Тоҷикистон дар сафорат ва консулгариҳои ин кишвар дар Русия аз соати 8 субҳ ба вақти Маскав оғоз шуд.

Ба гузориши сомонаи “Спутник”, нахустин раъйдиҳандагон дар интихоботи раёсатиҷумҳурии Тоҷикистон дар сохтмони сафорати ин кишвар дар Маскав донишҷӯёни тоҷики Донишгоҳи низомии вобаста ба Вазорати дифои Русия буданд.

Раванди раъйгирӣ бо риояти муқаррароти беҳдоштӣ ва илзомӣ будани моск, дасткаш ва зиддиуфунӣ кардани баргаҳои раъйдиҳӣ ҳамроҳ аст.

Бар асоси эъломи Сафорати Тоҷикистон дар Маскав атбои ин кишвар метавонанд ғайр аз сафорат дар Маскав дар консулгариҳои Тоҷикистон дар чаҳор шаҳри дигари Русия, аз ҷумла Екатеринбург, Санкт - Петербург, Новосибирск ва Уфа раъйи худро ба сандуқ резанд.

Аз миёни 39 ҳавзаи интихоботии раёсатиҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷ аз ин кишвар 5 марказ дар Русия фаъол аст.

Шумори афроди дорои шароити раъйдиҳӣ дар интихоботи имрӯзи раёсатиҷумҳурии Тоҷикистон 4 миллиону 900 ҳазор нафар эълом шудааст.

 

Барчасп