Интихоботи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузоршуда ба ҳисоб меояд
(last modified Sun, 11 Oct 2020 14:51:37 GMT )
Октябр 11, 2020 19:51 Asia/Dushanbe
  • Интихоботи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузоршуда ба ҳисоб меояд

Раиси комиссияи марказии интихоботи Тоҷикистон эълом кард,ки бо мушорикати 71 дар сад аз афроди воҷиди шароит дар райъдиҳии имрӯз то соати 15 ба вақти Душанбе, интихоботи раёсати ҷумҳурии ин кишвар баргузоршуда ба ҳисоб меояд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл  аз сомонаи Спутник, Бахтиёр Худоёрзода дар нишасти хабарӣ гуфтааст, ки то соати 15 ба вақти Душанбе  3 миллиону 495 ҳазору 215 нафар аз воҷидони шароити раъйдиҳиӣ дар интихоботи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат кардаанд, ки наздик ба 71 дар сад мебошад ва бар ин асос  интихобот баргузоршуда ба ҳисоб меояд.
Вай таъкид кардааст, ки раъйдиҳӣ то соати 20 ба вақти Душанбе  идома хоҳад дошт .
Ин комиссия теъдоди маҳаллҳои раъйгирӣ дар дохилу хориҷ аз Тоҷикистонро 3 ҳазору 75 марказ унвон кардааст .
 258 хабарнигору 156 нозири байналмилалӣ барои пӯшиши хабарӣ ва назорати бар раванди баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон  дар ҳавзаҳо интихоботӣ ҳузур доштанд .
Натоиҷи аввалияи шумориши овозҳо 24 соат  пас аз поёни раъйгирӣ ва натоиҷи ниҳоии он ду ҳафта  баъд аз баргузории интихобот  эълом хоҳад шуд.
Эмомалӣ Раҳмон номзади Ҳизби халқии демократӣ, Рустами Латифзода  номзади ҳизби кишоварзӣ, Абдулҳалим Ғаффоров номзади ҳизби сотсиалист , Рустам  Раҳматзода  номзади ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ ва Мироҷ Абдуллоев номзади ҳизби коммунистии Тоҷикистон  имрӯзи дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ рақобат карданд .