Октябр 12, 2020 12:01 Asia/Dushanbe
  • Паёми таслияти сафорати Тоҷикистон дар Эрон ба муносибати даргузашти устод Шаҷариён

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Теҳрон дар паёме ба раиси Анҷумани дӯстии Эрон ва Тоҷикистон даргузашти устод Муҳаммадризо Шаҷариёнро таслият гуфт.

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин паём, аз даргузашти устод Шаҷариён ба унвони барҷастатарин ҳунарманди арсаи овоз ва мӯсиқии суннатии Эрон ибрози таассуф карда ва ин фиқдонро ба Анҷумани дӯстии Эрон ва Тоҷикистон, аҳолии мӯсиқӣ, адабу фарҳанги Эрон ва кулли дӯстдорони ҳунари устоди фақид таслият гуфтааст.

Сафорати Тоҷикистон дар Теҳрон барои бастагони шодравон Шаҷариён сабри ҷамил орзӯ намудааст.

Дар паёми сафорати Тоҷикистон дар Теҳрон ҳамчунин омада аст: « Ҳунари мӯсиқӣ ва садои сиҳромези устод Шаҷариён аз марзҳои миллӣ фаротар рафта ва мӯсиқии суннатии кишварашро ба ҷаҳонён дар беҳтарин ваҷҳ муаррифӣ кардааст. Аҳолии мӯсиқии суннатӣ дар Тоҷикистон низ бо ҳунари беназири устоди фақид ошно буданд ва ёд ӯро гиромӣ медоранд.»

Устод Муҳаммадризо Шаҷариён рӯзи панҷшанбе 17 меҳр баробар бо 8 октябр дар сини 80 солагӣ бар асари бемории саратон чашм аз ҷаҳон фурӯбаст.