Октябр 13, 2020 14:33 Asia/Dushanbe
  • Мардуми Тоҷикистон номзадҳои интихоботро намешинохтанд
    Мардуми Тоҷикистон номзадҳои интихоботро намешинохтанд

Мудири умури Осиёи марказӣ дар пажӯишгоҳи Ҷомеаи Ҳамсуд дар Маскав гуфтааст, ки мардуми Тоҷикистон дар интихоботи ахири раёсати ҷумҳурии ин кишвар барои ҳифзи субот ва амният раъй доданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садоии Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, Андрей Грозин бо ишора ба пирӯзии қотеъи Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи раёсати ҷумҳурии рӯзи 11 октябр дар Тоҷикистони афзуд, ки ёдоварии ҷанги дохилии фоҷеабори Тоҷикистон дар солҳои 1992 – 1997 мӯҷиб шудааст, ки мардум бо вуҷуди тамомии мушкилоти иқтисодӣ барои идомаи ҳифзи субот ва амният раъй диҳанд .
Вай ҳамчунин мегӯяд : бештари мардуми Тоҷикистон ба ғайр аз Эмомалӣ Раҳмон сойири номзадҳои интихоботи раёсати ҷумҳурии ин кишварро намешиносанд, бархе аз ин афрод дар остонаи баргузории интихобот муаррифӣ шуданд ва барои ҷомеаи ин кишвар шинохташуда нестанд .
Мудири умури Осиёи марказӣ дар пажӯҳишгоҳи Ҷомеаи Ҳамсуд дар Маскав гуфт : бар асоси мушоҳидоти солҳои қабл дар Тоҷикистон ҳамвора як чаҳоруми мардум аз тарси такрори ҳаводиси хунини даҳаи 1990 ба номзадҳои ҳукумат раъй медиҳанд, зеро вуҷуди давлати феълиро зомини субот ва амнияти кишвари хеш медонанд .
Бар асоси натоиҷи аввалияи шумориши ороии интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон аз чаҳор миллиону 221 ҳазору 78 раъйи рехташуда ба сандуқ ҳудуди 90, 1 дарсад ба Эмомалӣ Раҳмон раъй додаанд .
Вай барои панҷумин бор барои як давраи 7 солаи дигар дар самти раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон  фаъолият хоҳад кард .
Дар ин  интихобот  Рустам Латифзода  номзади ҳизби кишоварзӣ 3, 3 дарсад, Абдуҳалим Ғаффорзода номзади ҳизби сотсиалисти 1, 49 дарсад , Рустам  Раҳмат‌‌зода  номзади ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ 1, 15 дарсад ва Мероҷ Абдуллоев номзади ҳизби коммунистии Тоҷикистон  1, 17 дарсад раъй овардаанд .