Дурнамои равобити Тоҷикистон ва Русия дар давраи ҷадид
-
Андрей Казантсев, мудири Макази пажӯҳишҳои роҳбурдии вобаста ба Донишгоҳи равобити байналмилали Вазорати хориҷаи Русия
Коршиноси сиёсии рус бар ин бовар аст, ки дар даврони ҷадиди президентии Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон, равобити Душанбеву Маскав бар ҳамкориҳои амниятӣ ва коргарони муҳоҷир тамаркуз хоҳад кард.
Ба гузориши сомонаи “Спутник”, Андрей Казантсев, мудири Маркази пажӯҳишҳои роҳбурдии вобаста ба Донишгоҳи равобити байналмилалии Вазорати умури хориҷаи Русия гуфт: “Мардуми Тоҷикистон бо доштани хотироти талх аз даврони ҷанги шаҳрвандии ин кишвар дар даҳаи 1990, муташанниҷ шудани авзоъ дар Афғонистон ва ҳаводиси ахир дар Қирғизистон дар интихоботи раёсати ҷумҳурии кишварашон барои як давраи 7 сола ба Эмомалӣ Раҳмон раъй доданд”.
Ба гуфтаи Казантсев, интизор меравад, ки дар давраи ҷадиди фаъолияти Раҳмон равобити Душанбеву Маскав дар заминаи масоили амниятӣ дар чорчӯби Созмони Паймони Амнияти Ҷамъӣ тақвият шавад, зеро авзоъ дар шимоли Афғонистон, дар марзи муштарак бо Тоҷикистон ғайриқобили пешбинӣ аст ва маълум нест, ки пас аз хориҷ шудани низомиёни амрикоӣ чӣ иттифоқе дар Афғонистон хоҳад афтод.
Муҳоҷирони корӣ; мавзӯи муҳим дар равобити Душанбе-Маскав
Казантсев ҳамчунин меҳвари дигари ҳамкориҳои Душанбеву Маскавро фаъолияти коргарони муҳоҷири тоҷик донист, зеро манобеи молии ирсолии ин афрод заминаи ҳифзи суботи иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистонро фароҳам месозад.
Мудири Маркази пажӯҳишҳои роҳбурдии Русия гуфт: “Дар пайи густариши вируси корона мушкилоте барои коргарони муҳоҷири тоҷик дар Русия эҷод шуда, ки коҳиши фаъолият ва даромади ононро сабаб шудааст, аммо дар ҳар ҳол Русия дар солҳои оянда низ ҳамчун бузургтарин кишвари пазирои миллионҳо коргари муҳоҷири тоҷик боқӣ мемонад ва умед меравад, ки бо фурӯкаш кардани буҳрони Ковид 19 вазъи муҳоҷирони корӣ беҳтар шавад”.
МАВЗӮҲОИ МУРТАБИТ:
Таъсири мамнуияти фаъолияти ронандагии муҳоҷирони хориҷӣ дар Русия бар даромади муҳоҷирони тоҷик
Кори бузурги муҳоҷирони некӯкори тоҷик барои ҳамватани осебдидаи худ
Гузориши вижа: Бозгашти муҳоҷирони кории тоҷик ба меҳан ҳамзамон бо шурӯи мавсими кор дар Русия