Октябр 14, 2020 12:54 Asia/Dushanbe
  • Эмомалӣ Раҳмон,раиси ҷумҳурии Тоҷикистон аз неругоҳи  Роғун боздид кард
    Эмомалӣ Раҳмон,раиси ҷумҳурии Тоҷикистон аз неругоҳи Роғун боздид кард

Раиси ҷумҳӯрии Тоҷикистон пас аз интихоб шудан ба ин мақом дар сафар ба маҳалли сохти нерӯгоҳи обӣ-барқии Роғун бо раванди сохти обанбори ин нерӯгоҳ ошно шуд.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба нақл аз сомонаи Ховар, мудирияти нерӯгоҳи  обӣ-барқии Роғун эълом карда аст, ки то ба ҳол барои сохти садди 335 метрии ин нерӯгоҳ 11 миллиону 800 ҳазор метри мукааб хок истифода шуда ва ба манзури такмили он бояд ин миқдор ба 79 миллиону 500 ҳазор метри мукааб расонда шавад.

 Тайи ҳар шабонарӯз барои сохти садди нерӯгоҳи Роғун 35 ҳазор метр мукааб хок рехта мешавад.

 Барои ҷилавгирӣ аз гузаштани об аз қабатҳои садди нерӯгоҳи обӣ-барқии Роғун аз маводи зиддиполоишии тавлиди кишварҳои аврупоӣ истифода шуда, ки дар Осиёи марказӣ назир надорад.

Эмомалӣ Раҳмон,раиси ҷумҳурии Тоҷикистон аз неругоҳи  Роғун боздид кард

 Раҳмон бо ибрози қадрдонӣ аз заҳматҳои коргарони нерӯгоҳи Роғун хостори шитоб гирифтани сохти обанбори ин нерӯгоҳ шуд .

Дар бораи нерӯгоҳи Роғун

  Турбинаи нахусти нерӯгоҳи обӣ-барқии Роғун 16 ноябри соли 2018 ба баҳрабардорӣ расид.

  Турбинаи дувуми ин нерӯгоҳ низ дар солрӯзи истиқлоли Тоҷикистон, 9 сентябри соли 2019 тавлиди барқро оғоз кард.

 Нерӯгоҳи Роғун бо обанбор ё садди хокии  335 метрӣ ва зарфияти тавлиди 17 миллиард киловатт соъат барқ дар сол , бузургтарин тарҳи барқӣ-обии минтақа аст .

  Гуфта мешавад, ки сохти ин нерӯгоҳ дар соли 2033 ба поён мерасад.

 

Барчасп