Душанбе: Тасмими ҷадиди содиротии Қазоқистон таъсире бар Тоҷикистон надорад
Мақомҳои тоҷик мегӯянд, мамнуъ шудани содироти гази мойеъ тавассути танкерҳо таъсире бар қимати ин навъи сӯхт дар Тоҷикистон нахоҳад дошт.
Ба гузориши сомонаи Вазорати энержии Қазоқистон, Тоҷикистон 90 дарсад аз гази мойеи мавриди ниёзи худро аз Қазоқистон ворид мекунад, ки солҳои қабл ин навъи сӯхт тавассути танкерҳои ҳамли сӯхт аз қаламрави Қирғизистон мунтақил мешуд.
Қазоқистон ба тозагӣ эълом кардааст, ки содироти гази мойеъ аз ин кишвар ба хориҷ тавассути автомобилҳо мамнуъ аст.
Акнун мақомоти ширкати давлатии Роҳи оҳани Тоҷикистон гуфтаанд, ки бахши умдаи гази мойеи Қазоқистон тавассути вагонҳо мунтақил мешавад ва мамнуияти содироти ин навъи сӯхт бо истифода аз автомобилҳо таъсире бар ин кишвар нахоҳад дошт.
Дар Тоҷикистон наздик ба 70 дарсад аз васоили ҳамлу нақли умумӣ ва шахсӣ ба далели арзон будани гази мойеъ аз ин навъи сӯхт истифода мекунанд.
Бар асоси гузориши Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон дар шаш моҳи имсол 227 ҳазору 178 тон гази мойеъ ба ин кишвар ворид карда шудааст, ки қимати ҳар тони он 391 доллар аст.
- Бештар бихонед:
Содироти гази Узбакистон ва Қазоқистон ба Тоҷикистон қатъ шуд
Ҳамкории Қазоқистон ва Тоҷикистон дар ҳавзаи ҳаво ва фазо
Пешниҳоди раисиҷумҳури Қазоқистон: Ташкили Созмони амният ва ҳамкории Осиё