Октябр 16, 2020 22:01 Asia/Dushanbe
  • Маросими савгандёдкунии Эмомалӣ Раҳмон
    Маросими савгандёдкунии Эмомалӣ Раҳмон

Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон аз баргузории нишасти муштараки ҳарду маҷлиси ин кишвар ба манзури баргузории маросими савганёди Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар рӯзи 30 октябри соли ҷорӣ хабар дод.

Ба гузориши сомонаи “Тоҷвик”, Муҳаммадтоҳир Зокирзода бо имзои фармоне заминаи нишасти муштараки маҷолиси намояндагону миллии ин кишвар барои баргузории маросими савганёди Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳуриро фароҳам сохт.

Маросими савгандёдкунии Эмомалӣ Раҳмон, ки барои бори панҷум дар интихоботи раёсатиҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯзи 11 октябри соли ҷорӣ ба пирӯзӣ расид, шомили ду бахш мешавад.

Нахуст маросими савганди вай ба унвони раисиҷумҳурии тозаинтихобшуда дар кохи “Сомон” баргузор мегардад ва дар бахши дувум паради нерӯҳои мусаллаҳ дар рӯбарӯи кохи “Миллат” барномарезӣ шудааст.

Дар маросими савганди вай дар кохи “Сомон” аъзои давлат ва намояндагони ҳардуи маҷлиси Тоҷикистон ҳузур хоҳанд ёфт.

Аммо ба далели густариши вируси корона ширкати намояндагону сафирони кишварҳои хориҷӣ дар маросими савганди Эмомалӣ Раҳмон барномарезӣ нашудааст.

Комиссиюни марказии интихоботи Тоҷикистон натоиҷи ниҳоии шумориши орои интихоботи раёсатиҷумҳурии ин кишварро эълом кард, ки бар асоси он аз чаҳор миллиону 221 ҳазору 78 раъйи рехташуда ба сандуқҳо 90.92 дарсади оро ба нафъи Эмомалӣ Раҳмон буд.

 

 

Барчасп