Бозгашти 50 муаллими рус ба Тоҷикистон
-
Муаллимони рус дар Тоҷикистон
50 муаллими рус, ки дар мактабҳои Тоҷикистон ба тадриси улуми таҷрибӣ машғул будаву ба далели густариши вируси корона натавонистанд дар моҳи сентябр сари дарс ҳозир шаванд, бо ду моҳ таъхир акнун вориди Душанбе шудаанд.
Ба гузориши “Спутник”, аксари онон муаллими кимиё, физика, риёзӣ, зистшиносӣ ва фанновариҳои пешрафтаи компютерӣ дар мактабҳои Тоҷикистон ҳастанд.
Онон дар 22 мактаби давлатии Тоҷикистон дар Душанбе, Бохтар, Хуҷанд, Кӯлоб ва Хоруғ ба тадрис машғул мешаванд.
Ҳамчунин дар ояндаи наздик Русия сохти 5 мактаби ҷадид дар Тоҷикистонро барои фаъолияти муаллимони Русия ва тадриси улуми таҷрибӣ ба донишомӯзони тоҷик оғоз мекунад.
Давлати Русия мутааҳҳид шудааст, пардохти маоши ин муаллимон, бимаи дармонӣ ва маблағи бори изофии онон дар сафарҳои ҳавоӣ ба Тоҷикистонро таъмин кунад.
Ҳамчунин бар асоси қарордоди дуҷониба, кишвари Тоҷикистон ҳам маскану ҳазинаи парвози омӯзгорони русро таъмин мекунад.
Ин иқдом бо ҳадафи афзоиши кайфияти тадриси забони русӣ дар Тоҷикистон, афзоиши теъдоди мактабҳои русӣ дар ин кишвар ва таҳкими равобити илмӣ ва фарҳангии Маскав ва Душанбе анҷом мешавад.