Омодагии фурудгоҳҳои Русия ва Тоҷикистон барои азсаргирии парвозҳо
(last modified Sun, 25 Oct 2020 17:16:03 GMT )
Октябр 25, 2020 22:16 Asia/Dushanbe
  • Омодагии фурудгоҳҳои Русия ва Тоҷикистон барои азсаргирии парвозҳо
    Омодагии фурудгоҳҳои Русия ва Тоҷикистон барои азсаргирии парвозҳо

Мудири анҷумани мавсум ба фурудгоҳ дар Русия аз омодагии фурудгоҳҳои Русия ва Тоҷикистон барои азсаргирии парвозҳо хабар дод.

Бу гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, Виктор Горбачёв бо ишора ба оғози парвозҳо миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон аз рӯзи 28 октябр соли ҷорӣ гуфтааст, ки фуругоҳҳои Русия низ омодаи оғози дубораи интиқоли мусофирон ба кишварҳои узви ҷомеаи ҳамсуд шудаанд.

Вай таъкид кардааст, ки акнун мақомоти ҳамлу нақли ҳавоии Русия ва Тоҷикистон мунтазири судури муҷаввизи парвозҳои дуҷониба аз сӯи мақомоти беҳдоштӣ мебошад,ки бо риояти тавсиаҳои пизишкӣ дар шароити густариши Ковид-19 анҷом хоҳад шуд.

Бештар бихонед:

Ба гуфтаи Горбачёв заминаи ташхиси мусофирони мубтало ба вируси корона дар фурудгоҳҳои Русия дар муддати як соат пас аз озмоиш фароҳам шудааст. Аммо дар сурати мусбат эълом шудани натоиҷи озмоиш, мусофирон бояд ба муддати ду ҳафта карантина шаванд.

Бо ин ҳол таърихи дақиқе барои азсаргирии парвозҳо миёни Русия ва Тоҷикистон таъин нашудааст.

Парвозҳои муназзам миёни Тоҷикистон ва Русия ба далели густариши вируси корона аз моҳи марти имсол қатъ шуда ва танҳо барои хориҷ кардани шаҳрвандони ин ду кишвар чанд парвози чартерӣ анҷом шудааст.