Ба ширкатҳои сохтмонсозии Русия муҷаввизи ҷазби коргарони муҳоҷир аз Тоҷикистон дода мешавад
Муовини аввали вазири шаҳрсозии Русия аз эътои муҷаввиз барои ҷазби коргарони муҳоҷири тоҷик дар ширкатҳои сохтмонсозии ин кишвар хабар дод.
Ба гузориши сомонаи “Спутник”, Никита Стасишин гуфтааст, ки ширкатҳои бузурги сохтмонсозии Русия муҷаввизи ҷазби коргарони муҳоҷир, дар навбати нахуст аз Тоҷикистон ва Ӯзбакистонро дарёфт хоҳанд кард.
Вай таъкид кардааст, ки ба ин манзур бояд корфармоён мавзӯи таъмини саломати ҷисмии коргарони муҳоҷирро ҷиддӣ бигиранд, ки дар шароити густариши вируси корона дар русия аз аҳамияти зиёде бархурдор мебошад.
Аз ин рӯ, мудирони ширкатҳои бузурги сохтмонсозии Русия аз замони ҷазби коргарони муҳоҷири тоҷик ва ӯзбак
масъули анҷоми озмоиши Ковид -19, таъмини бимаи саломат ва шароити матлуби кору иқомати ин афрод хоҳанд буд.
Ин дар ҳоле аст, ки ахиран мақомоти Русия ба далели камбуди коргарони муҳоҷир ва бавижа тоҷикҳову ӯзбакҳо дар бахшҳои сохтусоз ва хадамоти шаҳрӣ, ба шиддат ибрози нигаронӣ мекунанд.
Зеро бо густариши вируси корона теъдоди зиёде аз ин афрод ба кишварҳои хеш боз мегарданд, ки пур кардани ҷойи онон аз ҳисоби нерӯи кори бумӣ амалан ғайримумкин шудааст.
Бештар бихонед:
Кори бузурги муҳоҷирони некӯкори тоҷик барои ҳамватани осебдидаи худ
Гузориши вижа: Бозгашти муҳоҷирони кории тоҷик ба меҳан ҳамзамон бо шурӯи мавсими кор дар Русия
Гузориши вижа: Мушкилоти муҳоҷирони тоҷик дар пайи густариши коронавирус дар ҷаҳон