Шумори беморони Ковид-19 дар Тоҷикистон аз 11 ҳазор нафар фаротар рафт
Октябр 31, 2020 22:43 Asia/Dushanbe
-
То рӯзи шанбе 31 октябр бо шиносоии ин 40 мавриди ҷадид ба 11 ҳазору 7 нафар расид.
Бо шиносоии 40 мавриди ҷадиди Ковид-19 теъдоди мубталоён ба ин беморӣ дар Тоҷикистон аз 11 ҳазор фаротар рафт.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, шумори беморони Ковид-19 дар кишвар то соати 19 рӯзи шанбе 31 октябр бо шиносоии ин 40 мавриди ҷадид ба 11 ҳазору 7 нафар расид.
Ҳамчунин шумори ҷонбохтагони Ковид-19 дар Тоҷикистон бидуни афзоиш ҳамон 82 нафари пешин аст.
Аз 11 ҳазору 7 гирифтори корона дар Тоҷикистон то кунун 10 ҳазору 233 нафар беҳбуд ёфтаанд.
Дар шабонарӯзи ахир 51 бемори коронаӣ ҳам аз бемористонҳои Тоҷикистон мураххас шудаанд.
Бештар бихонед:
Барчасп