Тоҷикистон ҳанӯз вориди мавҷи дувуми густариши Ковид-19 нашудааст
(last modified Sun, 01 Nov 2020 08:02:47 GMT )
Ноябр 01, 2020 13:02 Asia/Dushanbe
  • Давраи дармони мубталоён ба Ковид-19 нисбат ба қабл тӯлонитар шудааст
    Давраи дармони мубталоён ба Ковид-19 нисбат ба қабл тӯлонитар шудааст

Намояндаи Созмони Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмари Ҷаҳонӣ дар Аврупо муътақид аст, ки мавҷи дувуми густариши бемории Ковид 19 дар Тоҷикистон ҳанӯз оғоз нашудааст ва марокизи дармонии ин кишвар бояд барои иттифоқоти оянда омода шаванд.

Ба гузориши сомонаи Спутник, Даврон Муҳаммадиев гуфтааст, ки шояд мавҷи дувуми ин беморӣ ба маротиб хатарноктар аз қабл бошад ва талошҳои кадри дармониро кам асар кунад.

Вай афзуд, акнун бо шакли ҷаҳишёфтаи вируси корона рӯбарӯ ҳастем, ки фишор бар пизишкон ва парасторонро афзоиш хоҳад дод, зеро давраи дармони мубталоён ба Ковид 19 нисбат ба қабл тӯлонтар шудааст.

Хатар шиддат ёфтани корона дар Тоҷикистон: ҳушдорҳо ҷиддӣ аст

Даврон Муҳаммадиев, яке аз муассиртарин роҳҳои ҷилавгирӣ аз густариши вируси коронаро задани ниқоб, риояти фосилаи иҷтимоӣ, шустани мураттаби дастҳо, худдорт аз ҳузур дар таҷаммуот ва сафарҳои ғайризарӯрӣ донист.

Бар асоси гузориши Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, шумори беморони Ковид 19 дар ин кишвар ба 11 ҳазору 7 нафар ва омори ҷонбохтагон ба 82 тан расидааст.

 

БЕШТАР БИХОНЕД:

Шумори беморони Ковид 19 дар Тоҷикистон аз 11 ҳазор нафар фаротар рафт

Ҷарима дар интизори фурӯшандагони гардановезҳои "зидди корона" дар Хуҷанд

 Кумаки Русия ба Тоҷикистон дар мубориза бо вируси корона