Ноябр 03, 2020 21:35 Asia/Dushanbe
  • Боз шудани марзҳои Русия ба рӯйи донишҷӯёни хориҷӣ
    Боз шудани марзҳои Русия ба рӯйи донишҷӯёни хориҷӣ

Тоҷикистон бо шарти риояти муқаррароти беҳдоштӣ, марзҳои худро ба рӯйи донишҷӯёни ӯзбакистонии машғул ба таҳсил дар ин кишвар кушод.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, ҳудуди ҳазор донишҷӯи ӯзбакистонӣ, ки дар донишгоҳҳои Тоҷикистон таҳсил мекунанд, иҷозаи вуруд ба ин кишварро дарёфт карданд.

Бинобар эъломи давлати Тоҷикистон, рӯзе 50 донишҷӯӣ ӯзбакистонӣ метавонанд аз тариқи гузаргоҳи марзии СариОсиё вориди ин кишвар шаванд.

Бо ин ҳол мушаххас нест, ки чӣ теъдод донишҷӯ метавонанд аз тариқи гузаргоҳҳои дигари марзӣ вориди Тоҷикистон шаванд.

Донишҷӯёни ӯзбакистонӣ, ки қасди вуруд ба Тоҷикистонро доранд, бояд ҳамроҳи худ нусхаи гузарнома, корти донишҷӯӣ ва дар заминаи ибтило ба корона гувоҳии саломатро ба ҳамроҳ дошта бошанд, ки ин гувоҳӣ бояд ҳаддиаксар 72 соат қабл аз вуруд ба ин кишвар содир шуда бошад.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп