Тавсеаи равобити дуҷониба - меҳвари дидори мақомоти Тоҷикистон ва Кувайт
(last modified Fri, 06 Nov 2020 17:13:28 GMT )
Ноябр 06, 2020 22:13 Asia/Dushanbe
  • Баррасии ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Кувайт
    Баррасии ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Кувайт

Мақомоти Тоҷикистон ва Кувайт тақвияти равобити дуҷониба, аз ҷумла ҳамкорӣ дар заминаҳои беҳдоштӣ, иқтисодӣ, тиҷорӣ, сармоягузорӣ, гардишгарӣ ва башардӯстонаро мавриди баҳсу баррасӣ қарор доданд.

Зубайдуллоҳ Зубайдзода, сафири Тоҷикистон дар Кувайт бо Алӣ Салмон Ассайёд, муовини Вазорати умури хориҷаи ин кишвар дар умури Осиё мулоқот кард.

Сафири тоҷик ҳамчунин бо Абдулваҳҳоб Албадр, мудири кулли Сандуқи тавсеаи иқтисодии арабии Кувайт мулоқот кард.

Дар ҷараёни ин дидор масоили марбут ба ҳамкории Тоҷикистон бо сандуқи мазкур, вазъияти иқтисодӣ дар ҷаҳон дар пасзаминаи Ковид -19 баррасӣ шуд.

Тарафайн ҳамчунин роҳҳои густаришу тақвияти ҳамкорӣ бо ин сандуқи муътабари минтақаиро мавриди баҳсу баррасӣ қарор доданд.

Бештар бихонед: