Ноябр 08, 2020 15:18 Asia/Dushanbe
  • Жириновский: Коргарони муҳоҷири тоҷик камтаваққуъ ва заҳматкаш ҳастанд
    Жириновский: Коргарони муҳоҷири тоҷик камтаваққуъ ва заҳматкаш ҳастанд

Владимир Жриновский, раҳбари Ҳизби либерал – демократ ва намояндаи маҷлиси Думаи Русия ҷазби бештари коргарони муҳоҷири тоҷикро дар бахшҳои иқтисоду тиҷорати кишвараш хостор шуд.

Ба гузориши сомонаи РИА Новости, вай дар барномаи телевизионии “Шабе бо Владимир Соловёв” гуфтааст, ки Русия ҳангоми гузиниши коргарони муҳоҷири хориҷӣ бояд бештар тоҷикистониҳоро ҷазб кунад.

Жриновский мусулмон будан, заҳматкаш будан, камтаваққуӣ, бетаваҷҷӯҳӣ ба машруботи алкулӣ ва хуб кор карданро аз вижагиҳои коргарони муҳоҷири тоҷик дониставу тавсия кардааст, ки барои фаъолият дар бахшҳои сохтмонсозӣ, тиҷорат, ҳамлунақл ва хадамоти шаҳрии Русия бештар коргарони муҳоҷири тоҷик ба кор гирифта шаванд.

Дар пайи густариши вируси корона ва бозгашти теъдоди зиёде аз коргарони муҳоҷири тоҷик ба кишварашон акнун бахшҳои сохтмонсозӣ, ҳамлу нақл ва хадамоти шаҳрии Русия бо мушкили камбуди нерӯи кор рӯ ба рӯ шудаанд.

Мақомоти Русия мегӯянд, ки камбуди коргарони муҳоҷир муҷиби афзоиши қимати хадамот, кирояи ҳамлунақл ва коҳиши фаъолияти бахши тиҷорат шудааст.

Аз сӯйи дигар, бар асоси гузориши Вазорати кор ва муҳоҷирати Тоҷикистон, ба далели густариши вируси корона, баста шудани марзҳо ва қатъи иртиботи ҳавоӣ, сафари коргарони Тоҷикистон ба Русия имсол дар муқоиса бо соли 2019 беш аз 57 дарсад коҳиш ёфтааст.

 

Бештар бихонед: