Оё вазирони ҷавони кобинаи ҷадиди Тоҷикистон муваффақ хоҳанд буд?
Бо рӯи кор омадани якчанд вазири ҷавон дар бахши иқтисодии кобинаи Тоҷикистон коршиносон дар бораи муваффақ шудани онҳо дар симматҳои ҷадид назароти мухталифе доранд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Топ Ти Ҷи, бархе коршиносон мӯътақиданд, ки бо вуҷуди мутахассис ва ҷавон будани вазирони саноат ва технологияҳои нав, захираҳои энергетикӣ ва об, кишоварзӣ ва меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон, ки баъзеашон хатмкардагони донишгоҳҳои бонуфузи Аврупо ва Амрико мебошанд, имкони фаъолияти онон маҳдуд аст.
Аҳмадшоҳ Комилзода, таҳлилгари тоҷик, бар ин бовар аст, ки фасоди густарда ва ришваситонӣ дар ҳукумати Тоҷикистон ва набуди мустақилияти мансабдорон ба кори вазирони нав монеаи ҷиддӣ эҷод мекунад.
Ҳамчунин Шокирҷони Ҳакимов коршиноси масоили сиёсӣ бо ишора ба тамаркузи беш аз андозаи гурӯҳҳои хос дар ҳукумати марказии Тоҷикистон коромадии вазирони ҷадидро баъид медонад.
Нур Сафаров иқтисоддони тоҷик мегӯяд, ки мансуб шудани Далер Ҷумъа мудири ширкати барқи вилояти Бадахшон, ки донишомӯхтаи донишгоҳи Ҳарвард аст ба симмати вазири об ва захираҳои энергетикаи Тоҷикистон ба ин умед аст, ки вай битавонад фаъолияти шабакаи барқи кишварро беҳбуд диҳад ва сармояи бештаре барои идомаи сохти нерӯгоҳи Роғун ҷазб кунад.
Ба гуфтаи Сафаров, ҳамин интизор аз Шералии Кабир, директори Ширкати Алюминий, ки вазири саноат ва технологияҳои нав таъин шудааст, Ширин Амонзода, собиқ роҳбари Кумитаи давлатии сайёҳӣ, ки Вазорати меҳнат ва муҳоҷиратро ба дасти худ гирифтааст ва Сулаймон Зиёзода, раиси ноҳияи Деваштич фаъолият хоҳад кард вуҷуд дорад.
Пас аз пирӯзии Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 11 октябр теъдоде аз вазирони бахши иқтисодии ин кишвар барканор ва афроди ҷавонтаре ҷонишини онон шуданд.
Бештар бихонед: