Октябр 13, 2016 19:47 Asia/Dushanbe

Раиси Кумитаи давлатии андози Тоҷикистон гуфт, қарзи ширкату тоҷирон аз Кумитаи андоз аз ибтидои имсол 125 миллион сомонӣ афзоиш ёфтааст.

Бар ин асос, наздики 30 дарсади ширкатҳои тиҷорӣ ва бозаргонон бо мушкили пардохти андоз рӯ ба рӯ шудаанд. Ба гуфтаи Давлатзода, раиси Кумитаи андоз, дар соли 2015 дар ин кишвар 22 ҳазор соҳибкор муфлис шуда, фаъолияти худро қатъ кардаанд.

Зиёратшоҳи Аҳмадшоҳ гузориш медиҳад.