Ноябр 18, 2020 22:24 Asia/Dushanbe
  • Баргузории ҳар барномае барои ҷашни соли 2021 дар Тоҷикистон мамнуъ аст
    Баргузории ҳар барномае барои ҷашни соли 2021 дар Тоҷикистон мамнуъ аст

Ситоди кишварии муқобила бо вируси коронаи Тоҷикистон бо ҳадафи пешгирӣ аз густариши Ковид - 19 баргузории ҷашни Крисмас ё соли нави мелодии 2021- ро дар ин кишвар мамнуъ кард.

Ба гузориши “Спутник”, бар ин асос баргузории ҳар навъ барнома барои соли ҷадиди мелодӣ дар саросари Тоҷикистон мамнуъ хоҳад буд.

Назорат бар иҷрои ин дастур бар уҳдаи Вазоратҳои корҳои дохила ва тандурустиву ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон аст.

Ин ду вазоратхона маъмур шудаанд, ки бо ҳамкории шӯроҳои маҳаллӣ дар шаҳру деҳоти Тоҷикистон дар бораи мамнуияти баргузории ҷашни соли ҷадиди мелодӣ, зарурати мурооти тавсияҳои беҳдоштӣ, риояти фосилаи иҷтимоӣ дар кӯчаҳову хиёбонҳо, марокизи тиҷорӣ, омӯзишӣ ва варзишӣ итилоърасонӣ кунанд.

Бар асоси охирин омор, шумори беморони корона дар Тоҷикистон бо шиносоии 42 бемори нав ба 11 ҳазору 731 нафар расидааст.

 

Бештар бихонед: