Ноябр 23, 2020 14:33 Asia/Dushanbe
  • Дар соли 2021 бозпардохти 302 миллион доллар аз қарзҳои хориҷии Тоҷикистон дар назар аст
    Дар соли 2021 бозпардохти 302 миллион доллар аз қарзҳои хориҷии Тоҷикистон дар назар аст

Дар буҷети соли 2021 ҳукумати Тоҷикистон маблағи 302 миллион доллар барои бозпардохти қарзи хориҷии кишвар ихтисос ёфтааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, вазири молияи Тоҷикистон Файзиддини Қаҳҳорзода гуфтааст ин маблағ дар буҷети соли ояндаи ҳукумат барои бозпардохти қарзи хориҷии кишвар мадди назар мебошад.
 
Ин дар ҳоле аст, ки қарзи хориҷии Тоҷикистон дар 10 моҳи гузашта ба 3 миллиарду 700 миллион ҳазор доллар расида, ки баробар бо 43, 3 дарсад аз маҷмӯи тавлиди нохолиси миллии кишвар аст.

Аз сӯи дигар дар буҷети ҳукумати Тоҷикистон барои соли 2021 ҷазби воми 340 миллион евро ба манзури идомаи сохти нерӯгоҳи барқӣ- обии Роғун аз ду банки Шветсария  ва Олмон пешбинӣ шудааст.

Масъулони Вазорати молия Тоҷикистон мӯътақиданд бо вуҷуди қарзи хориҷии 48 дарсадии ин ҷумҳурӣ ба Чин, Пекин ҳамчунон бузургтарин сармоягузор дар иқтисоди ин кишвар боқӣ хоҳад монд. 
 
 
Бештар бихонед:

Барчасп