Раиси Шӯрои федералии Русия: Ҳамкориҳои иқтисодии Маскав-Душанбе коҳиш ёфтааст
(last modified Fri, 14 Oct 2016 13:59:59 GMT )
Октябр 14, 2016 18:59 Asia/Dushanbe
  • Раиси Шӯрои федералии Русия: Ҳамкориҳои иқтисодии Маскав-Душанбе коҳиш ёфтааст

Раиси Шӯрои федералии Русия Валентина Матвиенко аз коҳиши гардиши мол миёни Русияву Тоҷикистон изҳори нигаронӣ кард.

Дар ҳамоиши панҷуми байнипорлумонии "Тоҷикистону Русия: нерӯи ҳамкориҳои байниминтақавӣ" дар шаҳри Душанбе, ки рӯзи 13 –уми октябр баргузор шуд, мавзӯи зарурати тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодӣ миёни Русия ва Тоҷикистон матраҳ гардид.

Ба гузориши расонаҳои маҳаллӣ, Валентина Матвиенко, раиси Шӯрои Федералии Русия гуфт, бо вуҷуди бӯҳрон, зарурат ба густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ миёни ду кишвар ва ҳалли мушкилоти муҳоҷират вуҷуд дорад.

Матвиенко изҳори таассуф кард, ки гардиши мол миёни Тоҷикистон ва Русия коҳиш меёбад ва ҳоло вазифаи Комиссияи байнидавлатии ин ду кишвар ин аст, ки роҳҳои зинда кардани ин ҳамкориҳоро то соли 2018 пайдо кунад.

Матвиенко гуфт, ки Тоҷикистон омодагии худро барои фурӯши меваю сабзавот дар бозори Русия иброз кардааст ва Русия низ манфиатдор аст, ки шароити содироти маҳсулоти кишоварзиро аз Тоҷикистон ба Русия бидуни миёнарав ба роҳ монад.

Ҳамчунин Сергей Лисовский, муовини раиси Кумитаи аграрии Шӯрои Федералии Русия гуфт, меваю сабзавоти Тоҷикистон бо ин ки аз лиҳози кайфият хуб аст, вале ҷавобгӯи талаботи технологии содироти моли кишоварзӣ аз рӯи меъёрҳои транзити коло нест.

Гулрӯ Ҷабборзода, муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон таъкид кард, ки то расидан ба ҳудуди Русия, меваю сабзавоти Тоҷикистон тариқи қатору мошинҳои боркаш аз ҳудуди Ӯзбакистон, Қирғизистон ва Қазоқистон мегузарад ва дар марзи ҳар кишвар ин борҳо фароварда санҷида мешаванд ва аз ҳамин сабаб ҳам бидуни осеб то манзил расидани онҳо душвор аст.

Сергей Лисовский гуфт, дар сурати пайвастани Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё барои содироти молҳои Тоҷикистон даҳлезе созмон дода шуда ва масъалаи санҷиши молҳои ин кишвар дар кишварҳои дигар бардошта хоҳад шуд.

Ҳамоиши байнипорлумони Тоҷикистону Русия дар ҳоле баргузор мешавад, мизони вуруди сармояи Русия ба иқтисоди Тоҷикистон коҳиш ёфта ва дар соли 2015 дар муқоиса ба соли 2014 ҳаҷми ин сармояҳо тақрибан 24 дарсад кам шудааст.