Ноябр 24, 2020 14:45 Asia/Dushanbe
  • Тағири вақти кории марказҳои саноатӣ фишорро ба шабакаҳои барқӣ коҳиш медиҳад
    Тағири вақти кории марказҳои саноатӣ фишорро ба шабакаҳои барқӣ коҳиш медиҳад

Коршиноси масоили энергетикии Тоҷикистон барои хуруҷ аз бӯҳрони камбуди барқ, ки боиси танзими он шудааст, пешниҳод дод замони фаъолияти марказҳои саноатии ин кишвар тағир кунад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи ахбори Осиёи марказӣ, Камолиддин Сироҷиддинов бо ишора ба ташдиди меъёри барқ дар Тоҷикистон гуфтааст : мақомоти ширкати давлатии барқи тоҷик дар беш аз 25 соли ахир фурсати кофӣ ва сармояи молии зиёде дар ихтиёр доштанд ,ки авзоъро ислоҳ кунанд, аммо дар ин замина муваффақ набуданд . 
 
 Ӯ афзуд : бо таваҷҷӯҳ ба таҷрибаи насби истгоҳи захираи барқи 180 киловаттӣ дар нерӯгоҳи хуршедии ноҳияи Мурғоби вилояти Бадахшон  метавон раванди захирасозии барқ дар соатҳои коҳиши масрафро дар саросари Тоҷикистон иҷроӣ кард.
 
 Ба гуфтаи ин коршиноси энержӣ, тағйири соати кори марказҳои саноатӣ аз рӯз ба шаб мӯҷиби коҳиши фишор ба шабакаҳои барқи кишвар хоҳад шуд ва тағйири соати кори идороту созмонҳои давлатӣ, банкҳо ва марокизи хадамотӣ дар ду баст тавозуни истеъмоли нерӯи барқро ба вуҷуд меорад.
 
Меъёри барқ, ки аз охири моҳи октябр дар аксари манотиқи Тоҷикистон, ба истиснои шаҳрҳои калон, ҷорӣ шудааст, аз соати 8 то 17 дар ҳоли ҳозир дар бархе аз манотиқи кишвар аз соати 22:00 то 5-и рӯзи дигар такрор мешавад.
 
 
 Бештар бихонед:

 

Барчасп