Ноябр 25, 2020 21:10 Asia/Dushanbe
  • Саҳми молии бахши тандурустии Тоҷикистон камтар аз буҷети пешбинишуда буд
    Саҳми молии бахши тандурустии Тоҷикистон камтар аз буҷети пешбинишуда буд

Вазорати молияи Тоҷикистон аз камбуди 320 миллиондолларии буҷети вазоратхонаҳову идороти давлатии ин кишвар дар 9 моҳи нахусти имсол хабар дод.

Ба гузориши сомонаи “Азия плюс”, бахши ҳазинаии буҷети Ҳукумати Тоҷикистон дар нуҳ моҳи нахусти сол 16 миллиарду 200 миллион сомонӣ эълом шуда буд, ки бо 3 миллиарду 600 миллион сомонӣ касрӣ (наздик ба 320 миллион доллар) рӯ ба рӯ шуд.

Дар ин миён танҳо бахши энержии ин кишвар 2 миллиарду 900 миллион сомонӣ дарёфт кардааст, ки барои сохти нерӯгоҳи барқи обии Роғун сарҷ шудааст.

Аммо бо вуҷуди густариши вируси корона дар Тоҷикистон, бахши тандурустии ин кишвар дар маҷмуъ фақат як миллиарду 400 миллион сомонӣ дарёфт кардааст, ки 550 миллион сомонӣ камтар аз буҷет пешбинӣ шудааст.

Дар ин муддат бахши мудирияти давлатӣ беш аз 3 дарсад, маориф ва улум беш аз19, 5 дарсад, бимаву таъмини иҷтимоӣ 18,5 дарсад, саноат ва сохтмон беш аз10 дарсад ва бахши кишоварзӣ беш аз 8 дарсад камтар аз буҷети мавриди ниёзи худро дарёфт кардаанд.

 

Бештар бихонед: