Раҳмон: Маскав шарики стратегии Душанбе аст
Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар дидор бо раиси Шӯрои федералии Русия, Маскавро шарики стратегии Душанбе хонд.
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон шаби гузашта дар дидор бо Валентина Матвиенко, раиси Шӯрои федералии Русия, бо изҳори ризоят аз сатҳи ҳамкориҳои байнипорлумонии 2 кишвар, Маскавро шарики стратегии Душанбе унвон кард.
Бинобар гузориши пойгоҳи иттилоотии раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, Раҳмон дар ин дидор гуфт, масъалаи тавсеа ва тақвияти бештари равобит бо Русия яке аз масоиле аст, ки тарафи тоҷик ба он аҳамияти вижае қоил аст.
Тарафайн дар идомаи ин мулоқот, ҳамоиши байнипорлумонӣ дар заминаи равобити минтақаии ду кишварро майдони густурдаи тавсеаи ҳамгироии муштараки натанҳо порлумонҳо, балки намояндагони тамоми манотиқ ва маҳофили кории ҳар ду кишвар унвон карданд.
Авзои минтақа ва ҷаҳон, ба вижа вазъи печидаи сиёсӣ ва низомии Афғонистон, тақвияти имконоти нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон ва мубориза бо таҳдидоти ҷаҳони муосир, аз ҷумла терроризм ва ифротгароӣ -яке дигар аз мавзӯоте буд, ки раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси Шӯрои федералии Русия дар мавриди он баҳсу табодули назар карданд.