17 дарсад аз воридоти Тоҷикистон саҳми сузишвори, гандум ва орд
(last modified Thu, 26 Nov 2020 09:34:11 GMT )
Ноябр 26, 2020 14:34 Asia/Dushanbe
  • Воридоти сузишворӣ ба Тоҷикистон дар соли 2020 нисбат ба соли қабл 16 дарсад афзоиш ёфтааст
    Воридоти сузишворӣ ба Тоҷикистон дар соли 2020 нисбат ба соли қабл 16 дарсад афзоиш ёфтааст

17 дарсад аз воридоти Тоҷикистон аз январ то поёни октябри 2020 ба сузишвори, гандум ва орди Тоҷикистон ихтисос доштааст.

Ба гузориши сомонаи Авесто, Тоҷикистон дар 10 моҳи имсол ба маблағи 436 миллиондоллар сузишвори, орду гандум ворид карда аст, ки баробар бо 17.2 дарсад аз воридоти 2.5 миллиарддолларии ин кишвар дар ин муддат мебошад.

Ҳаҷми сузишвории воридоти тайи ин муддат аз хориҷ ба Тоҷикистон наздик ба 489 ҳазор тон эълом шуда, ки ба ин манзур 232 миллиондоллар ҳазина кардаанд.

Ин шохис дар муқоиса бо давраи монанди сол қабл афзоиши наздик ба 16 дарсадиро нишон медиҳад.

Ҳамчнин дар 10 моҳи гузашта аз хориҷ ба Тоҷикистон беш аз 761 ҳазор тон гандум ба арзиши молии 165 миллиону 500 ҳазор доллар ворид шудааст, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл бо коҳиши беш аз 7 дарсади рӯбарӯ аст.

Мизони орди воридоти ба Тоҷикистон дар ин муддат низ беш аз 73 ҳазор тон ба арзиши молии 18 миллиону 700 ҳазордоллар эълом шудааст.

Тоҷикистон ҳамасола бахши умдаи сузишвори, орду гандуми мавриди ниёзи худро аз Русия ва Қазоқистон ворид мекунад.

 

 БЕШТАР БИХОНЕД: