Муҳимтарин матолиби матбуоти чопи Душанбе
Баррасии матолиби ҳафтаномаҳои Тоҷикистон
Нашрияи Нигоҳ дар матлабе бо номи гузориш аз говсуди Ёров 14 мавриди баҳсбарангезро дар ҷараёни мурофиаи додгоҳии ин адвокати маъруф мушоҳида ва сабт кардааст.
Нигоҳ аз ҷумла навиштааст: Панҷ моҳ Бузургмеҳр Ёровро ба мурофиаҳо аз боздоштгоҳ то додгоҳ озод мебурданду меоварданд. Моҳи аввал ӯро хоҳараш бо таксӣ ҳам то суд бурдааст. Аммо 6-уми октябр, рӯзи эълони ҳукм судро бо силоҳи оташфишон ҳимоя мекарданд.
Нигоҳ дар идома менависад: 3. Тибқи ҳукми Додгоҳи шаҳри Душанбе, тамоми амволи Бузургмеҳр Ёров бояд мусодира шавад. Дар ҳукм мошини сабукрави Хосият Ёрова, хоҳари адвокат низ номбар шудааст, ки моҳи майи соли ҷорӣ фурӯхта будааст.
Нашрияи Нигоҳ дар шумораи ахири худ ҳамчунин ба шикояти коршинос Абдуманон Шералиев дар робита ба фишори мақомоти маҳаллӣ ба модараш, таваҷҷуҳ карда менависад: Абдуманнон Шералиев, як коршиноси масоили иқтисодии тоҷик, ки дар хориҷи кишвар ба сар мебарад, аз фишори мақомоти ноҳияи Ашт болои хонаводааш изҳори нигаронӣ кардааст.
Ба гуфтаи Абдуманнон Шералиев, “раиси ҷамоъат ба хонаи модарам омада, таҳдид кардааст, то маро насиҳат кунад баргардам. Намедонам, боз чӣ гуфтааст, ки модарам, ки бемории фишори хун дорад, фишораш баланд шудаву бистарӣ шудааст. Яке аз суханҳои раиси ҷамоъат, ки хоҳарам расонд ин буд, ки гуфтааст, давлат хавотир аст, ки ба ягон гурӯҳи ифротӣ худаш ё фарзандонаш напайванданд. “
Ҷаноби Шералиев мегӯяд, “мутаассифона гӯё намедонанд, ки баъзе иқдомоти мақомоти кишвар, ки гӯё мехоҳанд аз ифротӣ шудани мардум ё пайвастани онҳо ба мухолифин ҷилавгирӣ кунанд натиҷаи баръакс медиҳад. Ё медонанду гурӯҳе ҳаст, ки қасдан вазъро печида мекунад. Мисли ҳамин тарсонидану озор додани волидон.”
Нашрияи Фараж дар матлаби Тундравони интернетӣ ба мавзӯи густариши андешаҳои ифротӣ аз тариқи интернет дар ҷаҳон таваҷҷуҳ карда навиштааст: Равандҳои умумӣ дар паҳнои САҲА нишон медиҳанд, ки интернет воситаи амн ва мутмаини тарғибу ташвиқи адабиёт ва матолиби савтиву видеоии созмонҳои экстремистиву террористӣ шуда, на фақат роҳнамои афроди алоҳида ба сӯи майдонҳои набард дар Ховари Миёна ва Афғонистон аст, балки дар худи Аврупои демократӣ фазои мусоиди фаъолият барои онҳоро ба вуҷуд овардааст (мисоли барҷаста чанд амалиёти мудҳиши террористист, ки солҳои ахир дар Аврупо рух доданд). Дар пайи ин тарғибот созмонҳои экстремистӣ ва террористӣ тавонистаанд аз 86 кишвари ҷаҳон, ки аксарияти куллашон кишварҳои узви САҲА ҳастанд, ҳудуди 50 ҳазор нафарро ба Сурияву Ироқ ва ҳазорҳо тани дигарро (омори дақиқ нест) ба Покистону Афғонистон ҷалб кунанд. САҲА бар ин аст, ки агар дар кишварҳои узваш як иттифоқи назар дар мубориза алайҳи тундгароӣ ва терроризм ба вуҷуд наояд, вазъ вахимтар хоҳад шуд.
Коршиносони САҲА бар инанд, ки экстремизму терроризм дар интернет бояд таҳқиқ ва барои ҷилавгирӣ аз онҳо дар кишварҳои узв қонунгузориҳо такмил шаванд, то мубориза алайҳи “тундравони интернетӣ” ба мубориза алайҳи интернет, ё худ озодии баён дар интернет табдил наёбад.
Фараж дар матлаби дигаре бо номи Анҷоми Русал ба мавзӯи қатъи ҳамкории ин ширкати бузурги русӣ бо тарафи Тоҷикистон таваҷҷуҳ карда навиштааст: Ширкати «РусАл», ё «Русский алюминий»-и Олег Дерипаска, миллиарддори рус намояндагиаш дар Тоҷикистонро баст.
Як корманди собиқи намояндагӣ, ки нахост номашро зикр кунем, ба «Фараж» гуфт, «РусАл» ҳанӯз моҳҳои июн ба июл тамоми ҳуҷҷатгузориҳои қатъи фаъолияташро омода карда, бо ниҳодҳои давлатӣ сари тамоми пардохтҳо, шуруъ аз андоз то ҳаққи обу барқро ҳисобу китобашро баробар кардааст.- На аз касе қарздорем ва на касе аз мо,- гуфт вай ва афзуд:- Вячеслав Давледянов, раҳбари намояндагии «РусАл» дар Тоҷикистон, хеле барвақт Душанберо тарк кардааст.
Ин корманди собиқи «РусАл» дар посух ба ин суол, ки «сабаби ин тасмим чист?», посухи кӯтоҳ дод: «Ширкат дар Тоҷикистон барои фаъолият дигар дурнамоеро намебинад». Аммо ба қавли ӯ, муҳимтарин мушкил ҳалли мухолифатҳо бо Ширкати алюминиюми Тоҷикистон - ТАЛКО пушти сар шудааст ва «РусАл» ҳамкорӣ бо ин ширкатро идома хоҳад дод.
Бино ба иттилои Фараж Посухи кӯтоҳи коршиносони тоҷик ба ин суол, ки «чаро РусАл рафт?» ин буд: «Ин ширкат дар иҷрои тарҳҳояш ноком монд, аммо ин рафтан ба хотири омадан низ метавонад бошад...».
Нашрияи Озодагон дар хабаре таҳти унвони Ҳимояти ҳукумат аз вуруди беиҷозати амниятиҳо ба хонаи шаҳрвандон менависад: Парлумони Тоҷикистон ба баррасии тағйироте оғоз кардааст, ки дар сурати тасвиб шуданаш ба кормандони КДАМ иҷоза медиҳад, бидуни иҷозаи соҳибхона ва қарори суд вориди манзили сокинон шаванд.
Як манбаъ аз Маҷлиси намояндагон ба “Азия-плюс” гуфтааст, дар сурати тасвиби тағйиру иловаҳо ба Қонун “Дар бораи мақомоти амнияти миллӣ” кормандони КДАМ ҳуқуқ пайдо мекунанд, бидуни иҷозаи соҳибхона ва қарори суд ба манзили сокинон ворид шаванд.
Аммо манбаъ мегӯяд, ин ҳақ танҳо дар ҳолатҳое ба кормандони Хадамоти махсус дода мешавад, ки агар “пайдошавии таҳдиди воқеъии содир шудани амали террористӣ ва ба саломатӣ ва ҳаёти аҳолӣ хатар эҷод кардани он вуҷуд дошта бошад.”
Ба иттилои манбаъ, ҳамаи тағйироту иловаҳои пешниҳодшуда пеш аз ҳама ба ҳимояи ҳаёту солимии аҳолӣ, таъмину сулҳу субот дар кишвар ва ҳамчунин сохти конститутсионӣ дар ҷумҳурӣ равона гардидаанд.
Нашрияи Озодагон дар ин шумора ба таъкиди СММ ба давлати Душанбе дар мавриди ҳифзи ҳуқуқи вакилони мудофеъ дар ин кишвар таваҷҷуҳ карда менависад: Дафтари Созмони милали муттаҳид (СММ) оид ба ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ аз ҳукми адвокатҳо Бузургмеҳр Ёров ва Нуриддин Маҳкамов ҷиддан изҳори нигаронӣ кардааст.
Ин ниҳод бо пахши як изҳорот гуфтааст, ин ду адвокат дар мурофиаи амалан пӯшида бо иттиҳомоти қаллобӣ, сохтакорӣ, “барангехтани кинаву адовати миллӣ, нажодӣ, динӣ” ва экстремизм мувофиқан ба 23 ва 21 сол зиндонӣ гардиданд.
Дар идомаи баёнияи дафтари СММ оид ба ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ омадааст: “Чунин ба назар мерасад, ки маҳкумияти онҳо бо фаъолияти қонунии касбии онҳо алоқаи зич дошта, интиқом барои расонидани кумаки ҳуқуқӣ ба аъзои ҲНИТ мебошад ва Идораи СММ оид ба ҳуқуқи инсон аз ин амиқан нигарон аст”.
Ришард Коменда, намояндаи Комиссари олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ дар ин изҳорот гуфтааст, “ин ҳукмҳо идомаи амалияи нигаронкунандаи айбдоркунии адвокатҳо буда, бо уҳдадориҳои давлат оиди эҳтиром ва таъмини мустақилияти адвокатҳо комилан мухолифанд”.
Нашрияи Миллат чопи Душанбе дар матлабе бо номи вақте ақрабаки соат ист мекунад ба бемории паёопайи раҳбарони Осиёи Марказӣ таваҷҷуҳ карда навиштааст: нашри хабари бемории яке аз пешвоёни кишвари Осиёи Марказӣ агарчи бар асари сармохӯрдагӣ арзёбӣ шудааст аммо мояи нигаронӣ ба бигу магуҳои маҳофили гуногун дар минтақа ва ҷаҳон шудааст. Шояд ин нигаронӣ аз он аст, ки дар ду моҳи ахир ин саввумин раиси ҷумҳури кишварҳои минтақа аст, ки бемор мешавад. 19 сентябр низ президенти Қирғизистон Алмосбек Отамбоев дар роҳи сафар ба Амрико дучори сактаи қалбӣ шуда оҷилан дар Туркияи фуруд омад ва дар бемористони он ҷо бистарӣ шуд ва баъдан табобати худро дар Маскав идома дод.
Нашрияи Тоҷикистон дар шумораи ахири худ ба мунозираи ахири номзадҳои раёсати ҷумҳурӣ дар Амрико таваҷҷуҳ карда навиштааст, ки исломҳаросӣ дар меҳварҳои мунозираи Тромп ва Клинтон қарор доштааст.
Ва нашрияи СССР ба муносибати рузи духтар дар сутуни сардабирии худ бори дигар баҳси либоси миллӣ ва вижагиҳои онро матраҳ карда пешниҳод кардааст, ки куртаи чакан ва русариву поҷома ба унвони либоси мактабӣ дар макотиби кишвар ҷорӣ шавад.
Шарҳи ин мавзӯро аз ҳамкорамон Беҳрӯзи Саидхоҷа аз Душанбе мешунавем: