Ноябр 29, 2020 13:59 Asia/Dushanbe
  • Тиҷорат миёни Тоҷикистон ва Қазоқистон
    Тиҷорат миёни Тоҷикистон ва Қазоқистон

Сомонаи Баррасии мубодилоти тиҷорӣ (LS) гузориши худро дар бораи таркиби маҳсулоти тиҷории Тоҷикистону Қазоқистон дар 10 моҳи гузашта мунташир кард.

Ба гузориши сомонаи Ахбори Осиёи Марказӣ, маҳсулоти содиротии Қазоқистон ба Тоҷикистон дар ин муддат маводи ғизоӣ, гандум, сӯхт, равғани мойеъ ва анвои оҳану сангҳои тазйинӣ будааст.

Гуфта мешавад, ки аз ибтидои имсол аз Қазоқистон ба Тоҷикистон 184 миллион доллар маводи ғизоӣ, 132,5 миллион доллар гандум, 73 миллион доллар гази мойеъ, 51 миллиону 300 ҳазор доллар анвои оҳан ва 42 миллиону 700 ҳазор доллар сангҳои тазйинӣ ворид шудааст.

Ҳамчунин Қазоқистон имсол содироти бензин ба Тоҷикистонро оғоз кард.

Тоҷикистон ба Қазоқистон ба таври умда маҳсулоти кишоварзӣ, маъданӣ ва филизоту обмева содир мекунад.

Бар асоси ин гузориш дар 10 моҳи гузашта, дар шароити густариши вируси корона содироти Тоҷикистон ба Қазоқистон ба ғайр аз маводи маъданӣ, филизот ва обмева дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл коҳиш ёфтааст.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп