Афзоиши маргу мири кӯдакон дар Тоҷикистон
(last modified Mon, 30 Nov 2020 17:02:31 GMT )
Ноябр 30, 2020 22:02 Asia/Dushanbe
  • Омори маргу мир дар Тоҷикистон дар 10 моҳи имсол дар муқоиса бо соли қабл афзоиш ёфтааст
    Омори маргу мир дар Тоҷикистон дар 10 моҳи имсол дар муқоиса бо соли қабл афзоиш ёфтааст

Агентии давлатии омори Тоҷикистон аз афзоиши мизони маргу мири кӯдакон дар кишвар дар 10 моҳи соли 2020 хабар дод.

Ба гузориши сомонаи Агентии давлатии омори Тоҷикистон, аз январ то поёни октябри 2020 дар кишвар мавридҳои маргу мири кӯдакон афзоиш ёфтааст, ба тавре ки дар ин муддат 28 ҳазору 900 кӯдак ҷони худро аз даст додаанд.

Бар асоси ин гузориш, синни як ҳазору 600 нафар аз ин кӯдакон зери як сол будааст.

Ҳамчунин дар ин муддат 166 ҳазору 600 кӯдак ба дунё омадааст, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл 2. 4 дарсад бештар аст.

Агентии давлатии омори Тоҷикистон чанде пеш эълом карда буд, ки дар 10 моҳи гузаштаи имсол ҷамъияти кишвар бо рушди беш аз 2 дарсадӣ дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл, ба 9 миллиону 444 ҳазору 250 нафар расидааст.

 

Бештар бихонед: