Фарорасии фасли сармо ва идомаи маҳдудияти барқ дар Тоҷикистон
(last modified Tue, 01 Dec 2020 16:39:31 GMT )
Декабр 01, 2020 21:39 Asia/Dushanbe
  • Бо вуҷуди оғози фасли сармо маҳдудияти барқ дар Тоҷикистон ҳамчунон идома дорад
    Бо вуҷуди оғози фасли сармо маҳдудияти барқ дар Тоҷикистон ҳамчунон идома дорад

Сокинони аксри манотиқи Тоҷикистон из ин ки моҳи декабр ҳам оғоз шуд ва барфу сармои шадид аз роҳ расидааст ва маъулони ширкати давлатии Барқи Тоҷик ба ваъдаи хеш дар бораи поёни маҳдудияти барқ амал намекунанд, шикоят доранд.

Ба гузориши “Спутник”, сухангӯи ширкати давлатии Барқи Тоҷик дар авохири моҳи октябри соли ҷорӣ ваъда дода буд, ки пас аз як моҳ маҳдудияти барқ дар ин кишвар бекор мешавад.

  • Нозир Ёдгорӣ гуфта буд, ки ба далели кам шудани захоири об дар садди нерӯгоҳи барқи обии Норак, ин ширкат маҷбур шуд, ки маҳдудияти барқро эъмол кунад ва бо афзоиши боришҳо тн мушкил рафъ хоҳад шуд.

Аммо бо гузашти беш аз як моҳ на танҳо ин ваъда амалӣ нашуд, балки соатҳои қатъи интиқоли барқ дар аксари манотиқи Тоҷикистон ба ғайр аз шаҳрҳои бузург афзоиш ҳам ёфт. Зеро агар қаблан сокинони ин манотиқ аз соати 8 субҳ то 17 барқ надоштанд, акнун ин маҳдудият аз соаити 22 шаб то субҳ низ такрор мешавад.

Ин дар ҳоле аст, ки мардуми Тоҷикистон аз рӯзи 17 январи соли 2017 то ба ҳол ба таври 24 соата бо барқ таъмин будаанд.