Сарфароз шудани Убайдуллоев ба "Ордени дӯстӣ" аз ҷониби Путин
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i5956-Сарфароз_шудани_Убайдуллоев_ба_Ордени_дӯстӣ_аз_ҷониби_Путин
Раиси ҷумҳурии Русия супориш кардааст, ки барои таҳкими дӯстӣ, ҳамкорӣ ва ҳамдигарфаҳмии халқҳои Русия ва Тоҷикистон, Муҳаммадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе бо "Ордени Дӯстӣ" сарфароз гардонда шавад.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Октябр 14, 2016 20:55 Asia/Dushanbe
  • Сарфароз шудани Убайдуллоев ба

Раиси ҷумҳурии Русия супориш кардааст, ки барои таҳкими дӯстӣ, ҳамкорӣ ва ҳамдигарфаҳмии халқҳои Русия ва Тоҷикистон, Муҳаммадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе бо "Ордени Дӯстӣ" сарфароз гардонда шавад.

Сомонаи расмии Кремл ин иттилоъро дар сафҳаи иттилоотии худ нашр кардааст.

Бар асоси гузоришҳо, "Ордени дӯстӣ" -ро Валентина Матвиенко, раиси Шӯрои федералии Русия 13-уми октябр дар шаҳри Душанбе ба Убайдуллоев аз номи Владимир Путин ба шаҳрдори  Душанбе тақдим кардаст.

Муҳаммадсаид Убайдуллоеви 64-сола, яке аз чеҳраҳои асосии сиёсии Тоҷикистон тайи ду даҳсолаи охир мебошад, ки дар баробари раёсати Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, давоми беш аз 19 соли охир шаҳрдории Душанберо низ ба уҳда дорад.