Афви байналмилал таҷдиди назар дар ҳукми Ёров ва Маҳкамовро хостор шуд
Созмони Афви байналмилал аз Ҳукумати Тоҷикистон хост, дар ҳукми маҳкумияти Бузургмеҳр Ёров ва Нуруддин Маҳкамов, вакилони дифои маҳкумшудаи Ҳизби наҳзати исломии мамнӯъшуда дар Тоҷикистон таҷдиди назар кунад.
Ба гузориши сойти "Фарғона", Афви байналмилал бо интишори баёнияе бо сиёсӣ хондани ҳукми маҳкумияти ин ду вакили мудофеъ далели аслии маҳкумияти Бузургмеҳр Ёров ва Нуруддин Маҳкамовро ба 23 ва 21 соли зиндон ҳимояти ҳуқуқи онон аз аъзои аршади Ҳизб мамнӯъшудаи наҳзати исломии Тоҷикистон унвон кард. Дар ин баёния ба зарурати таҷдиди назар дар ҳукми маҳкумияти ин ду вакили мудофеъ, баррасии мунсифонаи парвандаи онон, фароҳам намудани шароити созанда барои фаъолияти соири вакилони мудофеъ, поён додан ба таҳдиду фишор алайҳи ин афрод ва амал кардани Тоҷикистон ба тааҳҳудоти худ дар баробари муқаррароти ҳуқуқи башар ва қавонини байналамилалӣ таъкид шудааст.
Бузургмеҳр Ёров ва Нуруддин Маҳкамов бар асоси ҳукми додгоҳи шаҳри Душанбе, ба иттиҳоми қаллобӣ, барангехтани низои қавмӣ, мазҳабӣ ва нажодӣ, даъват ба ифротгароӣ ва талош барои барандозии низоми сиёсӣ ба 23 ва 21 соли зиндон маҳкум шуданд. Ин дар ҳолест, ки ин ду вакил бо радди тамоми ин иттиҳомот далели аслии маҳкумияташонро ҳимоят аз аъзои аршади Ҳизби мамнӯъшудаи наҳзати исломии Тоҷикистон унвон кардаанд.
Қаблан созмонҳои Дидбонҳои ҳуқуқ башар, Кумитаи Ҳелсинкии Норвегия, Маркази дифоъ аз ҳуқуқи башари Осиёи Марказӣ ва Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид бо маҳкум кардани ҳукмҳо алайҳи Бузургмеҳр Ёров ва Нуруддин Маҳкамов озодии ононро хостор шуда буданд.