Оғоз ба кори сафири нави Тоҷикистон дар Афғонистон
(last modified Mon, 07 Dec 2020 17:37:30 GMT )
Декабр 07, 2020 22:37 Asia/Dushanbe
  • Саъдӣ Шарифӣ сафири нави Тоҷикистон дар Афғонистон аст
    Саъдӣ Шарифӣ сафири нави Тоҷикистон дар Афғонистон аст

Сафири тозамансубшудаи Тоҷикистон дар Афғонистон устуворномаи худро ба Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳурии ин кишвар тақдим кард.

Ба гузориши сомонаи “Спутник”, Саъдӣ Шарифӣ ба симати сафири ҷадиди Тоҷикистон дар Афғонистон мансуб шудааст.

 Раиси ҷумҳурии Афғонистон дар дидори Саъдӣ Шарифӣ дар симати сафири нави Тоҷикистон дар Кобул густариши равобити беш аз пеши кишвараш бо Душанберо хостор шуд.

Вай бо ибрози алоқамандии Афғонистон ба истифода аз зарфиятҳои фаровони ҳамкории дуҷониба бо кишвари дӯсту бародари Тоҷикистон, бар талоши бештари Саъдӣ Шарифӣ барои рафъи мавонеи ин равобит таъкид кард.

  • Сафири нави Тоҷикистон дар Афғонистон низ бо расонидани саломи Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии кишвараш ба Ашраф Ғанӣ ваъда дод, ки барои густариши ҳарчӣ бештари равобити ин ду кишвари дӯсту ҳамсоя талош хоҳад кард.

 

Саъдӣ Шарифӣ бо ҳукми Эмомалӣ Раҳмон дар пайи бознишастагии Шарофиддини Имом, сафири пешини Тоҷикистон дар Афғонистон ба ин симат таъйин шуд.

 

 Бештар бихонед: