Занон ва кӯдакони тоҷик аз урдугоҳҳои Сурия озод мешаванд
Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон эълом кард, ки гурӯҳҳои курди Сурия ваъда додаанд занону кӯдакони тоҷикро, ки дар лагерҳо таҳти назорати онҳо нигаҳдорӣ мешаванд озод хоҳанд кард.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Тоҷикистони Перса, пас аз дидори сафири Тоҷикистон дар Кувайт ва Ироқ Зубайдуллоҳ Зубайдзода ба Димишқ бо вазирони умури хориҷа ва дохила, раиси ниҳоди амнияти миллӣ ва муовини Раиси Ҷумҳурии Сурия акнун имкони боздиди ҳайати тоҷикистонӣ аз ду лагери Ал-Ҳасака ва Ал-Ҳул фароҳам шудааст.
Гуфта мешавад, ки дар ин ду урдугоҳи таҳти назорати гурӯҳҳои курди Сурия 500 нафар аз занону кӯдакони тоҷик нигаҳдорӣ мешаванд, ки падарону модаронашон пас аз пайвастан ба гурӯҳҳои террористӣ дар даргириҳои Сурия ва Ироқ кушта шудаанду ҳукумати Тоҷикистон талош мекунад онҳоро ба кишварашон бозгардонад.
Мақомоти қазоии Тоҷикистон мегӯянд, ки ҳазору 900 табаъаи ин кишвар ба гурӯҳҳои террористӣ, аз ҷумла ДИИШ пайвастанду ба Сурияи ва Ироқ рафтанд, ки ҳудуди 470 нафар аз онон дар даргирӣ бо артишҳои ин ду кишвари арабӣ кушта шудаанд.
Қаблан мақомоти Тоҷикистон эълом карда буданд ,ки дар ду соли ахири 300 табааи фиребхӯрдаи тоҷик аз манотиқи даргирӣ дар Сурияи ва Ироқ ба кишварашон бозгардонда шудаанд.
Бештар бихонед: