Тақвияти ҳамкории мутақобили Тоҷикистон ва Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо
(last modified Sat, 12 Dec 2020 14:26:53 GMT )
Декабр 12, 2020 19:26 Asia/Dushanbe
  • Тақвияти ҳамкории мутақобили Тоҷикистон ва Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо
    Тақвияти ҳамкории мутақобили Тоҷикистон ва Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо

Вазири тавсеаи иқтисодӣ ва тиҷорати Тоҷикистон аз тақвияти ҳамкориҳои мутақобили ин кишвар ва Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории Форс дар Душанбе, Завқӣ Завқизода дар дидори рӯзи шанбеи худ бо Волрео Капур сафири Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар ин кишвар гуфт, мутобиқи фармониҳои раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон иқдомоте дар заминаи тиҷорат анҷом шуда, ки эҷоди комитети ҳамоҳангии тасҳили тиҷорат ва тадвини нақшаи роҳи муносиб, роҳандозии партали тиҷорӣ ва тасвиби консепсияи иқтисоди рақамӣ дар ин кишвар, аз ҷумлаи он аст. 

Завқизода дпр идома аз Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо барои ҳимоят аз тавсеаи иқтисодӣ ва рафъи таъсири манфии бемории ҳамагири корона ибрози ташаккур кард. 

Сафири Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо низ аз ҳамкорӣ бо тарафи тоҷик қадрдонӣ ва барои густариши равобити дуҷониба ибрози омодагӣ кард.