Қадрдонии раиси вилояти Маскав аз табиби ҷарроҳи қалби тоҷик
Раиси вилояти Маскав аз заҳматҳои як табиби ҷарроҳи қалби тоҷик қадрдонӣ кард.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Парсо, Андрей Воробёв дар маросимии ҷоизаи мавсум ба "мо дар канортон ҳастем "-ро ба 180 нафар тақдим кард, ки Фурқат Ғафуров мудири шӯъбаи бемориҳои қалбу раги бемористони марказии ноҳияи Игориваяи вилояти Маскав ва донишомӯхтаи донишгоҳи улуми пизишкии Абӯалӣ Ибн Синои Тоҷикистон низ миёни онон буд.
Раиси вилояти Маскав аз ин афрод ба далели кӯмак ба беморон дар шароити густариши вируси корона ташаккур ва қадрдонӣ кард.
Дар ин маросим доктор Лео Бокерия, раиси анҷумани мутахассисони ҷарроҳии қалбу раги Русия низ ҳузур дошт ва эълом кард, ки ба доштани шогирде чун Фурқат Ғафуров ифтихор мекунад.
Ғафуров чанд соле аст, ки дар бемористони марказии ноҳияи Игориваяи вилояти Маскав мудирияти шӯъбаи ҷарроҳии қалбу рагро бар ӯҳда дораду миёни сокинони ин минтақа ба унвони мутахассиси бисёр ҳозиқ шинохта шудааст.
Бо ин ҳол сомонаи Парсо аз раванди кӯчи пизишки тоҷик ба Русия ибрози нигаронӣ кардааст.
Маскав бар асоси барномаи вижа, пизишкони тоҷикро барои кору зиндагӣ дар Русия ташвиқ мекунад, аммо дар Тоҷикистон акнун набуди кадрҳои мутахассиси пизишкӣ ба буҳрони воқеӣ табдил шудааст.
Бештар бихонед: